ХАБАРИ ДОҒ

Маҳмадсолеҳи Бохтарӣ, бо тахаллуси «Аҳмад» 13 сол зиндонӣ шуд.

  • Чоршанбе, Май 03 2017

Бобоев Маҳмадсолеҳ бо ғояҳои гурӯҳи экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» шиносои пайдо намуда онҳро қабул ва ҷонибдорӣ карда,дидаю дониста,ки иштироки шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ,задухӯрди мусаллаҳона ёамалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳои хилофи қонун буда,ҷиноят эътироф шудааст,мақсади ба давлати Сурия рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар сафи гурӯҳи террористӣ иштирок намуданро кардааст.
Дар суҳбати хабарнигор СССР муовини суди вилояти Хатлон Муҳидинзода Сайфуддин гуфт, ки Бобоев  Маҳмадсолеҳ сокини деҳаи «Навобод»-и ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, соли тавллудаш 1991 оиладор соҳиби 2 фарзад. Бобоев  Маҳмадсолеҳ аз соли 2013 мунтазам ба муҳоҷирати меҳнати ба шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия рафта меомад ӯ бори охир соли 2015 зану фарзандонашро бо худ ба шаҳри Екатеринбург бурда онҷо кор ва фаъолият мекард, Маҳмадсолеҳ дар мурофиа судӣ  ба гуноҳи худ иқрор шуда  ва пушаймон шуда ва асли воқеаро худ нақл кард. Ӯ ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнати буданаш ӯ бо воситаи телефони мобили худ ба шабакаҳои интернети « Вайбер,Ватсап» ворид шуда ҳар гуна видеонаворҳоро оиди муҳорибаҳои ҷангӣ дар ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» тамошо карда ӯ бо яке аз аъзоёни фаъоли ташкилотии террористи-экстреместии «Давлати исломӣ» бо номи «Идрис» шиноси пайдо намуда ба худ тахаллуси «Аҳмад»-ро интихоб намуда ҳамарӯза бо ӯ муошират мекардааст.
Дар ҳамин ҳол «Идрис» дар навбати худ ӯро барои ҷиҳод намудан даъват карда иброз намудааст,ки  ҷиҳод намудан дар роҳи ислом бар ҳар як мусулмон фарз аст.Ҳамзамон «Идрис» ӯро ба шомил шудан ба ташкилоити «Давлати исломӣ» тағриб намуда мақсади «Хилофат» барпо намуданро таъкид карда ва ба гурӯҳашон даъват кардааст.Баъд бо мақсади ва ғояҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ» шинос шудан ӯ онҳоро қабулу ҷонибдорӣ намуда дар назди худ мақсади Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан ва дар амалиётҳо ҷангӣ дар сафи ин гурӯҳи террористӣ иштирок намуданро кардааст.
Бо мақсади амалӣ намудани нияти худ 12 феврали соли 2017 тавассути ҳавопаймои хатсайри «Москва-Кишинёв» ва «Кишинёв-Истанбул -Туркия» хоҳиш ба давлати Туркия парвоз карданро намудааст,ки худи ҳамон рӯз дар фурӯдгоҳи ш.Кишинёви ҷумҳурии Молдова дар натиҷаи гузаронидани фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷуии мақомти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардида ба ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст Ӯ бо сабабҳои новобаста аз иродааш мақсади ҷинояткоронаи худро то охир расонида натавонист.
Муҳидинзода Сайфудин муовини суди вилояти Хатлон нисбати Бобоев  Маҳмадсолеҳ бо моддаи 32 қисми 3-4011  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор шуморида ӯро ба 13 сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Табқи маълумоти омори  то ба имрӯз 406 нафар, 298 нафар мард, 46 нафар зан ,62 нафар ноболиғ сокинони вилояти Хатлон дар муқовиматҳои мусалаҳонаи кишвари Сурия ва Ироқ  ҳастанд ва меҷанганд. Ҳамзамон то ба имрӯз нисбати 377 нафар аз шуъбаи тавтишоти Кумита далвати амнияти милли дар вилояти Хатлон 81 адад ва дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомтҳои ҳифзи ҳуқуқ 298 адад парвандаҳои ҷинояти бо моддаи 32 қисми 3 ва  401 яъне « ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо» оғоз карда шудааст ва идома дорад. Дар ноҳияи Бохтар дар ДИИШ 92 нафар меҷанганд аз инҳо 6 нафар зан 16 нафари инҳо ноболиғон низ ҳастанд, нисбати онҳо 78 парвандаи ҷинояти оғоз карда шудааст, тибқи маълумоти Кумитаи давлати амнияти милли дар вилояти Хатлон 17 нафарашон дар заду хурди муссалаҳонаи Сурия ва Ироқо кушта шудаанд ва 61 нафари онҳо дар ҷӯсту ҷӯй қарор доранд.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter