ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Апр 19 2017


Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ дар назди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ИДМ, сардорони як қатор Раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин карда шуданд. Аз он ҷумла:

Душанбе, Апр 17 2017

Бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ, тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ ва робита бо ҷомеа дар шаҳри Душанбе ва бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи 3ғюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» ҷамъбаст гардид.
Неъматов Муҳаммадӣ Кароматуллоевич, капитани милитсия, нозири калони минтақаи хизматии маъмурии №11 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур - ҷойи 1-ум, Эшмахмедов Фарҳод Рузиевич, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №27 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД-2 дар ноҳияи Сино - ҷойи 2- юм ва Юсупов Муқимҷон, капитани милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №2 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ - ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.
Ғолибони озмун бахшида ба «Рӯзи пойтахт» барои ҷойи аввал 15 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 12 000 ва ҷойи сеюм 10 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.


СССР


Чоршанбе, Апр 12 2017

Зокир Карахонови 29-сола аз деҳаи «Қашқара»-и ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бо бародараш ва бо 2 нафар дӯстонаш бо мақсади чукричинӣ ба кӯҳ меравад. Зокир аз онҳо ҷудо шуда, самти дигар рафт ва пас аз 2 рӯз тани беҷонашро ёфтанд.
Як манбаъ ба СССР, имрӯз 12 апрел дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки Зокир соҳиби 1 фарзад буд ва мунтазири фарзанди дигар. Яъне ҳамсараш ҳомиладор буд. Ӯ пеш аз сафари кӯҳ ба оилаш гуфтааст, ки «агар шаб наомадам, хавотир нашав». Зокир ҳини ба куҳ расидан аз бародар ва дустонаш ҷудо мешавад. Ҳамин хел то бегоҳ бедарак мешавад. Бародараш ва дӯстонаш чанд маротиба бо садои баланд фарёд карданду ба ҷустуҷӯяш баромаданд, аммо ягон пайе аз ӯ наёфтанд. Ва гумон карданд, ки шояд ба хона рафта бошад. Бародараш ҳангоми ба хона баргаштан ӯро дар хона намебинад. Ин замон ҳамсари Зокир ба бародари ӯ мегӯяд, ки «шояд Зокир ҳамроҳи чӯпонҳо бошад?» Аҳли оила ва ҳамдеҳагонашон дар кӯҳ хело ҷустанд, аммо ҷасади сарди Зокирро пайдо карданд, ки аз хунукӣ карахт шуда буд.


Баҳодур Уроқов
СССР, вилоятиХатлон

Сешанбе, Апр 11 2017


Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вил.Хатлон-Солеҳзода Искандар дар н.А.Ҷомӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон, ҷавонону эмомхатибон ва дар шаҳри Кӯлоб дар толори Донишгоҳи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ бо ҷавонон вохӯрд. Дар ин ҳамоиш, дар маҷмуъ беш 1200 нафар иштирок доштанд. Солеҳзода дар баромади худ аз хусуси шомилшавии баъзе аз ҷавонони бехабару ноогоҳ ба ҷараёни равандҳои номатлуб изҳори таассуф намуда, ҳозиринро ба зиракию дурандешӣ даъват намуд.


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

 

Сешанбе, Апр 11 2017


Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи А.Рӯдакии ш.Кӯлобро бо 4 кг маводи мухадира дастгир намудаанд. 1 манбаъи муътамад ба СССР гуфт, 10 апрели соли равон сокини н.Ш.Шоҳин Назаршоҳи Муҳаммадшарифро, ки дар донишгоҳи давлатии Кӯлоб, дар курси 1 таҳсил мекардааст, бо 4 кг маводи мухадира қапидаанд. Абдулло Ҳабибулло-ректори донишгоҳ мегуяд, «тавре ба ҳама маълум аст, президенти кишвар соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуд ва мо қариб ҳамарӯза ба донишҷуён таъкид менамоем, ки даст ба ҷиноят ва шомил шудан ба гурӯҳҳои террористи ва экстремистӣ назананд. Бо хонаводаи донишҷӯе, ки даст ба ин ҷиноят задааст, ҳоло ҳамсӯҳбат нашудаем. Чун маълумоти бештар пайдо намудем, ҳатман ба шумо мерасонем».


Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

Ҷумъа, Апр 07 2017

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак аз ҷониби кормандони Хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори идораҳои букмекерӣ дар ҳудуди марказҳои савдои «Ганҷина», «Панҷшер», воқеъ дар к. Н.Қарабоев-77, нуқтаи бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар к. Қаҳҳоров-123, қаҳвахонаи «Караоке» дар бинои Сирки давлатӣ, воқеъ дар к. Н.Қарабоев-2, кинотеатри ҶДММ «Ориёно», воқеъ дар х.Рӯдакӣ, марказҳои букмекерӣ, воқеъ дар х. Рӯдакӣ-114 ва 187, Маркази бозиҳои компютерӣ, воқеъ дар к. Бохтар-27 дар н. И.Сомонӣ, Маркази бозиҳои компютерӣ аз ҶДММ «Уйгурка», воқеъ дар к. Айнӣ-34, идораҳои букмекерӣ, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 80/1, 82 ва 269 дар н. Шоҳмансур, кинотеатри «3D», воқеъ дар к. И.Сомонӣ-10/14, маркази бозиҳои компютерӣ дар к. Қазоқон-1 ва идораи букмекерӣ, воқеъ дар к. Ҷомӣ-48 дар н. Синои ш. Душанбе, мавриди санҷиши муштарак қарор дода шуданд.
Чуноне ки смонаи ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар рафти баргузории чорабиниҳо барои дидаю дониста ва мунтазам вайрон кардани талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбати 3 нафар кормандони иншоотҳои мазкур протокоҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 750 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд. Инчунин, фаъолияти  2 маркази бозиҳои компютерӣ муваққатан боздошта шуда, бо 154 нафар кормандони иншоотҳои мазкур ва шаҳрвандони касбу кори гуногун оид ба риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дастуру суҳбатҳои муфид гузаронида шуданд. Ҳамзамон бо онҳо ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва диққати махсус додан дар ин самт суҳбатҳои лозимӣ гузаронида шуданд.
Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, дар асоси супориши роҳбарияти ВКД, бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», 4-уми апрели соли 2017 шабона аз ҳисоби кормандони Сарраёсат, РХДО шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он, кормандони милитсия, инчунин дигар мақомотҳои дахлдор гурӯҳҳои корӣ ташкил карда, барои гузаронидани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва санҷишҳои фаврӣ дар марказҳои дилхушию бозиҳои компютерӣ ва дилерӣ, идораҳои букмекерӣ, ки дар онҳо аксар вақт мактаббачагону наврасон вақти зиёди худро ба бозиҳои характери зуроваридошта ва дигар бозиҳои беҳудаи зараровар сарф менамоянд, дар ҳудуди ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе, чорабиниҳои мақсаднок ташкил ва баргузор намуданд.


СССР

саҳ 52 аз 83

Китобҳо

Flag Counter