Дирӯз, 27.02.2017 дар деҳаи Лангари ш. Норак 2 писархола – Қудратулло Ятимов ва Файзулло Сафаров, ки яке 63 сол ва дигаре 55 сол дошт, бо ҳам моҷаро карда аввали кушта ва дуюмӣ бо замҳои вазнин ба беморхона афтодааст.
Чуноне ки мухбири СССР дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар доданд, ин ҳодиса соати 11:00-и рӯз сурат гирифта Файзулло Сафаров ҳангоми ҷанҷол аз милтиқи шикорӣ ба сӯи Қудратулло Ятимов тир холӣ кардааст. То ҳол сабабҳои ин даъвои писархолаҳо маълум нест ва вобаста ба он тафтишоти пешакӣ оғоз шудааст.
Қудратулло Ятимовро шоми рӯзи гузашта пас аз ташхиси тиббӣ ба хок супориданду Файзулло Сафаров бошад ҳоло ба ҳуш омада вазъи саломатиаш беҳтар шудааст.
СССР
Дирӯз, дар ВКД ҶТ мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид.
Чуноне ки сомонаи ВКД ҶТ иттиллоъ медиҳад, нахуст, Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Владимир Колоколтсев ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, зикр кард, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарду мақомот рӯз аз рӯз сатҳу сифати тоза касб карда, дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд. Намунаи ин гуфтаҳо ҳамкориҳои самараноки тарафайн дар самти дастгир ва истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарор дошта ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташшакил мебошад.
Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Владимир Колоколтсев низ дар навбати худ барои пазироии гарм ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки ҳамаи саъю талоши мо ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот равона гардидааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи Академияи ВКД Федератсияи Россия ибрози андеша намуданд.
СССР
Дар рафти санҷишҳои муштараки Ситоди якҷояи ВКД бо дигар мақомотҳо боз якчанд қонуншиканӣ аз ҷониби бархе соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳидаи пойтахт муайян ва ошкор карда шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби гурӯҳи кории Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва воҳидҳои он, муайян карда шуд, ки соҳибкори ошхонаи «Абубакр» Акмал Амиров ва ошхонаи «Нафиса» Абдуманон Бурҳонов, дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди хонаи истиқоматии чорошёнаи №92, барои пӯхтани самбуса, дар дохили танӯрҳо спирали баландшиддати сермасрафро муҷаҳҳаз намуда, бо вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёрҳои сохт ва истифодабарии таҷҳизоти барқ, аз нерӯи барқ фаровон истифода мебаранд.
Чунин ҳолатҳои вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёрҳои сохт ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ ва масрафшавии барзиёди қувваи барқ, дар натиҷаи истифодабарии ҳаргуна асбобҳои худсохти гармидиҳии барқӣ ва шумораи зиёди фурӯзонакҳои тафсон, дар ошхона ва нонвойхонаи шаҳрванд Убайдуло Гиёев, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев-59 ва нонвойхонаи Бахтиёр Ҷурақулов, воқеъ дар кӯчаи Борбад-106 – и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳам муайян ва ошкор карда шуданд.
Ҳамчунин соҳибкор Файзалии Мирзоалӣ дар ҶДММ «Нақлиёт», воқеъ дар кӯчаи Шестапалови ноҳияи Сино, ба истеҳсоли дарвозаҳои оҳанин машғул гардида, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳолати санитарию эпидемиологиро риоя накарда, бо истифода намудани асбобҳои кафшергарии худсохт низ ба масрафи барзиёди нерӯи барқ роҳ дода аст, ки ин кирдори ӯ ҳар лаҳза метавонад боиси сар задани сӯхтор гардад.
Сокини ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванд Исоева Ашургул бошад, дар манзили истиқоматии худ дастгоҳи шолитозакуниро насб карда, нерӯи барқро аз симчӯб бо роҳи ғайриқонунӣ, яъне бо роҳи дуздӣ ва бе ҳисокунаки барқӣ истифода мебурд, ки бо ин амалаш ба буҷаи давлат зарари калони пулӣ расонидааст. Назоратчии барқ дар минтақаи мазкур Рашидов Шералӣ ҷойи оне, ки чунин қонуншиканиро пешгирӣ намоянд, баръакс бар хилофи қонун амал намуда, ба Исоева Ашургул барои чунин кирдораш мусоидат намудааст.
Бино ба иттиллои ВКД ҶТ, мувофиқи иттилои нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, ҳарчанд нисбати соҳибкорони номбурда қаблан ҳам чораҳои маъмурӣ андешида шуда, онҳо ҷиҳати истифодабарии сарфакоронаю оқилонаи нерӯи барқ ва риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёрҳои сохт ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ қатъиян огоҳонида шуда буданд, вале ҳамоно барои худ хулосаи зарурӣ намебароранд.
Оид ба камбудиҳои ҷойдошта, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомотҳои дахлдор барои ҷораҷӯи ирсол карда шуданд.
СССР
Ба хотири таъмин намудани тартибот дар ҳудуди пойтахт ва пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ноболиғону ҷавонон, рӯзи 20.02.2017 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, Раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳқиқи ВКД, ХПҲНҶ РВКД дар ш. Душанбе ва масъулини кор бо ноболиғони шӯъбаҳои милитсияи ноҳияҳои пойтахт бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои шабона ба марказҳои бозиҳои компютерӣ рафтани ноболиғону ҷавонон чорабинии мақсаднок гузарониданд.
Бино ба иттиллои ВКД ҶТ, новобаста ба огоҳсозию баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои дар шаб, дур аз хонаву оила, дар марказҳои дилхушиву интернет-кафеҳо ва бозиҳои компютерӣ ба ҳар гуна корҳои беҳудаву зараровар машғул гардидани шумораи зиёди ноболиғон ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, зимни гузаронидани чорабинии мақсаднок кормандони милитсия фаъолияти он марказҳои бозиҳои компютериеро, ки бидуни ҳуҷҷатҳои барасмиятдарорӣ дар кӯчаҳои Буни Ҳисорак, Навоӣ, Ғуломов, Зарафшон ва Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино ба роҳ монда шуда буданд, қатъ сохтанд. Дар натиҷаи ин чораандешӣ кормандони милитсия 43 нафарро барои шабона ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта машғул шудан, ба шуъбаҳои милитсияи навоҳии пойтахт дастрас намуданд, ки 27 нафари онҳо ноболиғон буданд.
Кормандони милитсия барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбати 21 нафар волидони ноболиғони дастгиршуда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд.
СССР
24-умин солгарди Артиши миллии Тоҷикистон дар Панҷакент барои нахустин бор бе чорабинии расмӣ ва тантанавӣ баргузор шуд. Ҳамасола ин ҷашнро дар Кохи фарҳанги шаҳр бо ширкати роҳбарони корхонаву муассисот ва кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратӣ ҷашн мегирифтанд. Аммо ҳанӯз рӯзи рузашта 1 намояндаи ҳукумати шаҳр гуфт, ки чорабиниҳои расмӣ рад карда шуд. Ҷои ин субҳи имрӯз намояндагони ҳукумат, занони фаъоли шаҳр ва нигар намояндагони ташкилоту корхонаҳо барои табрики Рӯзи артиш ба қисмҳои низомии мустақар дар ш.Панҷакент рафта, сарбозону афсаронро бо рӯзи идашон табрику шодбош намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби ташаббускорон барои сарбозон дастурхонӣ идона ташкил карда шуд.
Хуршед Фозилов
Вазорати корҳои дохилаи ҶТ эълон менамояд, ки минбаъд вуруди наврасону ҷавонони то 20 сола ба марказҳои дилхушӣ манъ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз. ВКД ҶТ аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки фарзандони то 20-соларо дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ (тарабхонаҳо, интернет-кафеҳо, идораҳои букмекерӣ) намонанд, зеро тибби банди 9 қисми 1 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Ҳоло санҷишҳо нишон дода истодаанд, ки қисме аз ноболиғон дар қисмати шабона ба ин муассисаҳо рафта (дар шабонарӯз то 100 нафар фақат дар ш.Душанбе) дур аз мадди назари волидайн гашта, даст ба кирдори номатлуб зада истодаанд. Ҳангоми иҷро накардани талаботи қонуни мазкур волидайн ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар