Ба хотири таъмин намудани тартибот дар ҳудуди пойтахт ва пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ноболиғону ҷавонон, рӯзи 20.02.2017 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, Раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳқиқи ВКД, ХПҲНҶ РВКД дар ш. Душанбе ва масъулини кор бо ноболиғони шӯъбаҳои милитсияи ноҳияҳои пойтахт бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои шабона ба марказҳои бозиҳои компютерӣ рафтани ноболиғону ҷавонон чорабинии мақсаднок гузарониданд.
Бино ба иттиллои ВКД ҶТ, новобаста ба огоҳсозию баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои дар шаб, дур аз хонаву оила, дар марказҳои дилхушиву интернет-кафеҳо ва бозиҳои компютерӣ ба ҳар гуна корҳои беҳудаву зараровар машғул гардидани шумораи зиёди ноболиғон ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, зимни гузаронидани чорабинии мақсаднок кормандони милитсия фаъолияти он марказҳои бозиҳои компютериеро, ки бидуни ҳуҷҷатҳои барасмиятдарорӣ дар кӯчаҳои Буни Ҳисорак, Навоӣ, Ғуломов, Зарафшон ва Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино ба роҳ монда шуда буданд, қатъ сохтанд. Дар натиҷаи ин чораандешӣ кормандони милитсия 43 нафарро барои шабона ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта машғул шудан, ба шуъбаҳои милитсияи навоҳии пойтахт дастрас намуданд, ки 27 нафари онҳо ноболиғон буданд.
Кормандони милитсия барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбати 21 нафар волидони ноболиғони дастгиршуда протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд.
СССР