ХАБАРИ ДОҒ

Барқдуздии «Нафиса», «Абӯбакр», Файзааливу Ашургул

  • Ҷумъа, Фев 24 2017

Дар рафти санҷишҳои муштараки Ситоди якҷояи ВКД бо дигар мақомотҳо боз якчанд қонуншиканӣ аз ҷониби бархе соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳидаи пойтахт муайян ва ошкор карда шуд. Аз ҷумла, аз ҷониби гурӯҳи кории Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва воҳидҳои он, муайян карда шуд, ки соҳибкори ошхонаи «Абубакр» Акмал Амиров ва ошхонаи «Нафиса» Абдуманон Бурҳонов, дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди хонаи истиқоматии чорошёнаи №92, барои пӯхтани самбуса, дар дохили танӯрҳо спирали баландшиддати сермасрафро муҷаҳҳаз намуда, бо вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёрҳои сохт ва истифодабарии таҷҳизоти барқ, аз нерӯи барқ фаровон истифода мебаранд.

Чунин ҳолатҳои вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёрҳои сохт ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ ва масрафшавии барзиёди қувваи барқ, дар натиҷаи истифодабарии ҳаргуна асбобҳои худсохти гармидиҳии барқӣ ва шумораи зиёди фурӯзонакҳои тафсон, дар ошхона ва нонвойхонаи шаҳрванд Убайдуло Гиёев, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев-59 ва нонвойхонаи Бахтиёр Ҷурақулов, воқеъ дар кӯчаи Борбад-106 – и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳам муайян ва ошкор карда шуданд. 

Ҳамчунин соҳибкор Файзалии Мирзоалӣ дар ҶДММ «Нақлиёт», воқеъ дар кӯчаи Шестапалови ноҳияи Сино, ба истеҳсоли дарвозаҳои оҳанин машғул гардида, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳолати санитарию эпидемиологиро риоя накарда, бо истифода намудани асбобҳои кафшергарии худсохт низ ба масрафи барзиёди нерӯи барқ роҳ дода аст, ки ин кирдори ӯ ҳар лаҳза метавонад боиси сар задани сӯхтор гардад. 

Сокини ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванд Исоева Ашургул бошад, дар манзили истиқоматии худ дастгоҳи шолитозакуниро насб карда, нерӯи барқро аз симчӯб бо роҳи ғайриқонунӣ, яъне бо роҳи дуздӣ ва бе ҳисокунаки барқӣ истифода мебурд, ки бо ин амалаш ба буҷаи давлат зарари калони пулӣ расонидааст. Назоратчии барқ дар минтақаи мазкур Рашидов Шералӣ ҷойи оне, ки чунин қонуншиканиро пешгирӣ намоянд, баръакс бар хилофи қонун амал намуда, ба Исоева Ашургул барои чунин кирдораш мусоидат намудааст. 

Бино ба иттиллои ВКД ҶТ, мувофиқи иттилои нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, ҳарчанд нисбати соҳибкорони номбурда қаблан ҳам чораҳои маъмурӣ андешида шуда, онҳо ҷиҳати истифодабарии сарфакоронаю оқилонаи нерӯи барқ ва риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёрҳои сохт ва истифодабарии таҷҳизоти барқӣ қатъиян огоҳонида шуда буданд, вале ҳамоно барои худ хулосаи зарурӣ намебароранд. 

Оид ба камбудиҳои ҷойдошта, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомотҳои дахлдор барои ҷораҷӯи ирсол карда шуданд. 

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter