Дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯл) 1 педофил 16 сол ба ҳабс маҳкум шуд. Муҳидинзода Сайфуддин-муовини суди вил.Хатлон дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Хидиров Тағойбек (с.тав.1964) бо гумони он, ки ҳамсояаш Қурбонов Сафармаҳмад тахмин 3 сол боз бо ҳамсараш Муродова Ашурбӣ муносибати марҳамона дошта, пинҳонӣ ишқварзӣ мекардааст. Хидиров аз ин рафтори онҳо дар байни сокинони ҷамоати деҳоти Навзамин деҳаи «Умед»-и ноҳия худро беобрӯ ҳис карда, дар заминаи чунин бадгумониҳо даст ба ҷиноят мезанад. Ӯ бо мақсади қасос ситонидан, Давлатмоҳи 8-сола, духтари Қурбоновро дар теппае бо баҳонаи пистахӯрӣ ҳамроҳаш бурда, ба номусаш таҷовуз мекунад… Суди вилоят Хидировро бо моддаи 32-и қисми 3-138, қисми 3 банди «а» КҶ ҶТ 16 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Баҳодур Уроқов,
СССР, вил.Хатлон
18 ноябри соли 2016 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дохили дафтари ҶДММ «Азия-Сет» ҳангоми азназаргузаронӣ 753 адад телефонҳои мобилии гуногунтамға, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид карда шудаанд, дарёфт ва гирифта шуд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки Директори генералии ҶДММ «Азия-Сет» шаҳрванд Б.Ҳ., соли таваллудаш 1971 қасдан даст ба содир намудани ҷиноят зада, тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори калон молу маҳсулотро пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ ё бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид намудааст.
Бино ба иттиллои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, номбурда тахминан аз моҳи майи соли 2016 то миёнаҳои моҳи ноябри соли 2016 аз шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба воситаи фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе шахсан ва ба воситаи мусофирони шахсияташон номаълум тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва боркашон аз самти шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон миқдори зиёди телефонҳои мобилии гаронарзишро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намуда, онҳоро дар дафтари ҶДММ «Азия-Сет», воқеъ дар кӯчаи Рудакӣ-85-и шаҳри Душанбе пинҳон намуда, баъдан 1 қисми онҳоро дар мӯҳлатҳои гуногун ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардааст. Арзиши гумрукии телефонҳои мобилӣ 1 миллиону 824 ҳазору 841 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои Б.Ҳ. ва дигарон ба давлат зарари калони моддӣ расонида шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Б.Ҳ. ва ҳамроҳонаш бо моддаи 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.
СССР
Дар натиҷаи бархӯрди 2 мошини тамғаи "Опел" дар назди чорроҳаи кинотеатри "Ватан" дар пойтахт, яке аз онҳо оташ гирифт. Аз ВКД ҶТ гуфтаанд, ки дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ сабт нашудааст: "Танҳо яке аз ин мошинҳо бинобар сабаби техникӣ оташ гирифтааст. Ҳоло сабабҳои ҳодиса маълум карда мешавад." Ба гуфтаи ВКД, танҳо ронандаҳои ин 2 мошин ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.
Санаи 18.11.2016, тахминан соати 11:30 дақиқа, аз мавзеи “Сафедиён”-и н.Айнӣ ҷасади ҷавондухтари 23-солаи сокини деҳаи Фатмеви ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Чуноне ки ба СССР аз ВКД ҶТ хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар содир кардани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия ва мақомоти Прокуратура ҳамсари бародари марҳум, зани 25-солаи сокини ҳамин ноҳия, муайян ва боздошт гардид. Гумонбаршуда аз сабаби хусумат доштанаш марҳумро қасдан аз ҷарии тахминан 10 метр тела дода, баъдан бо санг якчанд маротиба ба сару рӯяш зада, охиронро ба ҳалокат расонидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
СССР
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии кишвар ба диққати шаҳрвандон, алалхусус, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҶТ аз 19 ноябри соли равон пастшавии боду ҳаво ва боришоти зиёди барфу борон дар қаламрави кишвар дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, аз тамоми ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки воситаҳои нақлиёти худро барои истифодабарӣ ба фасли зимистон омода намоянд. Инчунин ба ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки тавассути ағбаҳо ва минтақаҳои мушкилгузар ҳаракат мекунанд, тавсия дода мешавад, ки таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш, яъне занҷир, болиштаки зиддилағшиш, аломати исти садамавӣ бо худ дошта бошанд. Хуб мешуд, ки бе зарурат иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дар ин рӯзҳо ба сафар набароянд.
СССР
Рӯзи 15.11.с.2016 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда, рӯзи 14.11.с.2016, тахминан соати 18.00-дақиқа дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бо 1 сокини ноҳияи Рӯдакӣ машруботи спиртӣ нушида, ба тарафи деҳаи Тубеки ноҳияи зикргардида рафта, дар он ҷо бо якдигар ҷангу ҷанҷол кардаанд. Дар натиҷаи занозанӣ марди 39-сола марди 54-соларо лату кӯб намуда, бо тариқи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар