13.11.с.2016, тахминан соати 11:30-дақиқа, аз дохили канали обгузари ҳудуди ҷамоати деҳоти Дурбади ноҳияи Ҳисор, ҷасади марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, бо захми пушти сар дарёфт гардид. Ҳамчунин дар километри 12-уми канори шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, автомашинаи шахсии марҳум тамғаи “Опел-Зефира” пайдо карда шуд.
Бино ба иттиллои ВКД ҶТ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти Прокуратура рӯзи 14-уми ноябри соли равон, муайян карда шуд, ки 3 нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва 1 нафар сокини шаҳри Душанбе, дар содир намудани ин ҷинояти куштор даст доштаанд.
Айни замон гумонбаршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дода, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.
СССР
8-уми ноябри соли 2016, тахминан соати 08:30-дақиқа, дар мавзеи доманакӯҳҳои “Қарсанбулоқ”-и деҳаи Коммунизми ноҳияи Панҷ 3 нафар чӯпон, сокинони ҳамин ноҳия, мардҳои синнашон аз 21 то 31-сола, аз рӯи хусумати пешакӣ барои истифодабарии қитъаҳои замини чарогоҳ ва чашмаи обдиҳӣ барои молҳои хурди шохдор бо марди 40-сола ва ҷавони 18-солаи сокинони ноҳияи Панҷ муноқиша карда, сипас, бо калтакҳои чупонӣ якчанд маротиба ба сару рӯи онҳо мезананд.
Бино ба иттиллои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар натиҷаи ин муноқиша марди 40-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҷавони 18-сола бошад, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбарони ҳодисаи куштор дастгир гардиданд.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.
СССР
Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ тасмим гирифтааст бо фарбеҳии зеркормандонаш мубориза бурда, нафаронеро, ки аз 100 кг бештар вазн доранд, ба шӯъбаву раёсатҳои серташвишу сертакудав гузаронад ва ё умуман аз кор дар мақомоти милитсия пеш кунад. Ба ақидаи вазир, милисаи Тоҷик бояд чусту чолок бошад ва дар сурати лозима битавонад ба таври оҷилӣ, яъне давидаву ҷаҳида худро ба ҷойи ҳодиса расонида тавонад. Чуноне ки ба мухбири мо 1 манбаи мӯътамад дар ВКД ҶТ хабар дод, Раҳимзода ахиран дар 1 ҷаласаи вазорат масъалаи фарбеҳшавӣ ва шикаммонии милисаҳоро бардошта дастур додаст, ки милисаҳое, ки вазнашон аз 100 кг зиёд аст, 2 моҳ машқ намуда дар паради идонае, ки дирӯз дар қисми ҳарбии №3502 бахшида ба Рӯзи милитсия Тоҷик баргузор шуд, бигзаранд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд, дирӯз 1 «коробка» - тими милисаҳои зиёдвазн аз парад гузаштанд. Ин дастури вазири корҳои дохилии кишвар хеле ҳам саривақтӣ ва муҳим аст, зеро солҳои охир аксарияти милисаҳои мо, алалхусус кормандони БДА ба ҷуз мондани шикам ва зиёд кардани вазни хеш, дигар коре накарданд ва ин барало маълум аст. Мо низ бо Раҳимзода мувофиқем, ки бояд милисаи Тоҷик чусту чолок буда дар давидану ҷаҳидан устухон надошта бошад. Ва аз ҳама муҳим вазни милисаи Тоҷик набояд аз 75-80 кило бештар бошад, нафаронеро, ки бо чунин тасмими вазир мухолифанд, Раҳимзода бояд ба раёсатҳои сохтмониву нақлиёт, кинологияву экология ва қисмҳои харбӣ равон намояд. Мо метавонем!
СССР
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани рутбаҳои махсуси генерал - майори милитсия барои хизматҳои содиқона аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба чор нафар аз роҳбарияти мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ин рутбаҳо супорида шуданд. Ба рутбаҳои махсуси навбатии Генерал - майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, Шарифзода Файзулло Раҳмоналӣ, Қунғуротзода Фотеҳ ва Мирализода Рустам Азиз сарфароз гардиданд. Дар ин бораи сомонаи расмии дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.
Инчунин, имрӯз дар Рӯзи милитсия Тоҷик бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба истифода дода шуд. Барои бунёди хонаи истиқоматӣ, ки дар маҷмӯъ аз 40 хона иборат аст, 8 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Масоҳати умумии майдони иншоот 3 ҳазору 362 метри мураббаъ буда, он аз хонаҳои 1 ва 2 ҳуҷрагӣ иборат мебошад.
СССР
8 ноябр бахшида ба «Рӯзи милитсия» дар ВКД-и ш.Қурғонтеппа бо иштироки кормандону собиқадорон чорабинии идона доир гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори ШВКД, полковники милитсия Раҷабзода Нуралӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии «Рӯзи милитсия» аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуд. Мавсуф зимни суханронии худ, аз ҷумла қайд кард, ки милитсия яке аз шохаҳои тавоно ва нерӯманди ҳар як давлат буда, оромии сиёсӣ, низому тартиботи ҷамъиятиро дар ҳама давру замон таъмин менамояд. Милитсияи тоҷик аз оғози фаъолияти худ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонунҳои амалкунанда ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ роҳи пуршараферо тай намудааст. Раҷабзода аз таърихи рангину қаҳрамониҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми собиқ сардорони раёсат дар фаъолияти соҳа, ҷонбозиҳову садоқати кормандон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар пойдории ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо сухан ронда, афзуд, ки кормандони милитсия ҳамеша ба савганди худ содиқ буданд ва мемонанд. Сипас, муовини аввали раиси ш.Қурғонтеппа-Абдуллозода Искандар тамоми кормандони милитсияро ва наздикони онҳоро аз номи собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ба муносибати ин санаи фархунда самимона табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз бо туфайли хизматҳои шабонарӯзии кормандони милитсия мардум пайи зиндагии орому осуда ҳастанд. Дар идомаи чорабинӣ бо супориши ШВКД корҳои дохилӣ як қатор кормандон барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, муҳофизати манфиатҳои шаҳрвандон, инчунин бахшида ба «Рӯзи милитсия» як қатор кормандони раёсат, ки дар самти фаъолияти худ саҳми босазо гузоштаанд, бо Ифтихорномаҳои фахрӣ, Раҳматнома, қадрдонӣ шуданд.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
ВКД ҶТ аз боздошти зане ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон барои истисмор хабар дода гуфтааст, ки 3 ноябр дар пайи амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 1 зани 34-солаи сокини н.Зафаробод дастгир шуд, ки дар ҷалби одамон ба истисмор гумонбар дониста мешавад. Ин зан 2 тан аз занонро, ки яке 19-сола, сокини ш.Хуҷанд ва дигаре 21-сола аз Истаравшан мебошанд, барои машғул шудан ба фоҳишагӣ ба шаҳри Дубайи Аморати Араб даъват кардааст. Ин занон 1 ноябр ҳини сафар аз Фурудгоҳи ш.Хуҷанд бозпас гардонида шуда, ҳамакнун нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи идома дорад. Боздошти ин зани тоҷик ба хотири ҷалби одамон ба истисмори шаҳвонӣ дар ҳолест, ки дар 1 моҳи пеш Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) гуфта буд, ки дар 11 соли ахир ҳудуди 700 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд, ки бештари онҳо занону духтаронанд. Бино ба маълумоти СБМ дар ш.Душанбе, дар муддати солҳои 2005-2016 мавориди қочоқ ва тиҷорати инсон дар Тоҷикистон ба таври муназзам афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 679 шаҳрванди кишвар ба унвони қурбонии тиҷорати инсон расман сабт шудаанд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар