8 ноябр бахшида ба «Рӯзи милитсия» дар ВКД-и ш.Қурғонтеппа бо иштироки кормандону собиқадорон чорабинии идона доир гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори ШВКД, полковники милитсия Раҷабзода Нуралӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии «Рӯзи милитсия» аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуд. Мавсуф зимни суханронии худ, аз ҷумла қайд кард, ки милитсия яке аз шохаҳои тавоно ва нерӯманди ҳар як давлат буда, оромии сиёсӣ, низому тартиботи ҷамъиятиро дар ҳама давру замон таъмин менамояд. Милитсияи тоҷик аз оғози фаъолияти худ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонунҳои амалкунанда ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ роҳи пуршараферо тай намудааст. Раҷабзода аз таърихи рангину қаҳрамониҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми собиқ сардорони раёсат дар фаъолияти соҳа, ҷонбозиҳову садоқати кормандон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар пойдории ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо сухан ронда, афзуд, ки кормандони милитсия ҳамеша ба савганди худ содиқ буданд ва мемонанд. Сипас, муовини аввали раиси ш.Қурғонтеппа-Абдуллозода Искандар тамоми кормандони милитсияро ва наздикони онҳоро аз номи собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ба муносибати ин санаи фархунда самимона табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз бо туфайли хизматҳои шабонарӯзии кормандони милитсия мардум пайи зиндагии орому осуда ҳастанд. Дар идомаи чорабинӣ бо супориши ШВКД корҳои дохилӣ як қатор кормандон барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, муҳофизати манфиатҳои шаҳрвандон, инчунин бахшида ба «Рӯзи милитсия» як қатор кормандони раёсат, ки дар самти фаъолияти худ саҳми босазо гузоштаанд, бо Ифтихорномаҳои фахрӣ, Раҳматнома, қадрдонӣ шуданд.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон