ВКД ҶТ аз боздошти марди 45-сола бо иттиҳоми куштори ҳамсараш хабар медиҳад, ки соатҳои 08:30-и 1 ноябр аз манзили ин мард, воқеъ дар н.Шаҳринав ҷасади зани 43-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфт шудааст: “Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда ҳангоми муноқишаи оилавӣ завҷаашро бо дастонаш буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст”. Аз рӯи ин далел тибқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Муовини судяи суди вилояти Хатлон Муҳидинзода Сайфуддин дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Усмонов Аҳлиддин муҷаррад ва соли таваллудаш 1991, зода ва сокини н.Ҷ.Балхӣ, ҷамоати деҳоти «Фрунзе», деҳаи Қаҳрамон, барои оила барпо намудан танқиси молӣ дошт. Ӯ соли 2015 ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба Русия меравад. Бо интернет, бо ҳамдеҳааш-Самиев Қосим, ки дар мадрасаи «Билол Ҳабашӣ»-и Туркия таҳсили илми динӣ мегирифтааст, тамос мегирад. Қосим ӯро назди худ даъват намудааст. Ӯ бо Хайриддин ном шахс, сокини н.Панҷ шинос шуда, онҳоро ба мақсадҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии ДИИШ ба иродаи худ ҷой карда, шомили ташкилоти мазкур гардонидааст. Хуллас, онҳо ба давлати Сурия ворид мешаванд. Аҳлиддин тибқи супориши Хайриддин ба масҷиде меравад, ки аз он ҷо одамони махсус барои ҷиҳод намудан ба давлати Сурия қарор доштаанд. Аҳлиддин дар ин ташкилот 5 шабонарӯз истода, ба ӯ ҷасадҳои беҷони шахсонеро, ки ҷангида буданд, нишон додаанд. Ӯ аз тарс гурехта ба шаҳри Истамбули Туркия омадааст ва баъдан ба Русия рафтааст. Моҳи августи соли 2016 ба Тоҷикистон баргашта, аз ҷониби кормандони пулис дастгир шудааст. Сайфуддинзода нисбати Усмонов бо моддаи 401-и КҶ ҶТ ба ӯ 12 солу 5 моҳ маҳрум сохтан озодӣ дар калонияҳои ислоҳии низомаш сахт ҷазо таъин кард.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии ҶТ, имрӯз, зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматии сохтори хеш ба тамоми зертобеонаш дастур додаст, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои дар пеш истода, бо мардум муносибату муоширати хуб карда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаи зичро барқарор намоянд.
Чуноне ки ба СССР аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ба ғайр аз ин дар рафти ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амниятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа ва омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни ҷаласа, ҳамчунин оиди хуб ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои корӣ ва гирду атрофи минтақаҳои маъмурию хизматӣ таъкид карда шуд. Қайд гардид, ки ҷиҳати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии оташнишонӣ чорабиниҳои зиддисӯхторӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва марказҳои савдо пурзӯр карда шавад.
СССР
Бино ба иттилои шабакаи телевизиони 1ТВ-и Афғонистон рӯзи 17 октябр аз қавли Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон иттилоъ дод, ки Абдурашид Дӯстум муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон бар асари ҳамлаи Толибон дар минтақаи Қайсори вилояти Форёб ҷароҳатҳои сабук бардоштааст..
Рӯзи 16.10.с.2016, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе марди 24-сола ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Гумонбаршуда,ки ҳамзамон сокини пойтахт будааст, рӯзи 14.10.с.2016, тахминан соати 22:00-дақиқа, ҳангоми дар терминали фурудгоҳи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, пинҳонӣ аз дохили сейфи фурӯшандаи чиптаҳои ҳавопаймои ҶДММ “Агентии алоқаи ҳавопаймо” маблағи пулӣ дар ҳаҷми 16350-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Чуноне ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.
СССР
Судяи суди вил.Хатлон-Т.Қурбонзода дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки Алланазаров Илҳомиддин Алимуротович бо мақсади ширкат дар фаъолияти ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи-24», ки аз 9.10.2014 дар асоси ҳалномаи Суди Олии ҶТ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст, даст ба ҷиноят задааст. Илҳом аввалҳои апрели соли 2015 бо воситаи телефони мобилии худ тариқи шабакаи интернетӣ оид ба радиои «Зелло» маълумот гирифта ба ин радио худро бо номи рамзии «Худо нигаҳбон» аъзо шуда, ҳангоми гӯш кардани радио, ки дар он асосан аъзои ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи-24» оиди сарнагун кардани Ҳукумати қонунии ҶТ ва роҳбари давлат баромад мекарданд, ақидаҳои шахсони баромадкунандаро дастгирӣ намуд... Ба Илҳом бо моддаи 3073 қисми 2, КҶ ҶТ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дороии низомаш умумӣ таъин кард шуд.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар