ХАБАРИ ДОҒ

ҶАРОҲАТИ ГЕНЕРАЛ ДУСТУМ АЗ БАРХУРД БО ТОЛИБОН

  • Душанбе, Окт 17 2016

 

Бино ба иттилои шабакаи телевизиони 1ТВ-и Афғонистон рӯзи 17 октябр аз қавли Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон иттилоъ дод, ки Абдурашид Дӯстум муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон бар асари ҳамлаи Толибон дар минтақаи Қайсори вилояти Форёб ҷароҳатҳои сабук бардоштааст..

 

Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи душанбе дар нишасти шӯрои вазирони он кишвар бо ишора ба бархӯрди корвони генерал Дӯстум бо Толибон гуфтааст, ки дар ин ҳодиса чанд тани дигар низ захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳамла ба корвони генерал Дӯстум шаби шанбе сурат гирифта, дар ҳодиса 4 нафар кушта шудаанд, ки 2 нафарашон муҳофизони генерал Дӯстум мебошанд.

Генерал Дӯстум чанд рӯз пеш дар пайи суқути чанд минтақа дар Форёб ба ин вилоят рафта, нерӯҳои таҳти фармони ӯ чанд минтақаро аз тасарруфи Толибон озод кардаанд. Ба гуфтаи сухангӯи пулиси вилояти Форёб, дар камине, ки ба корвони генерал Дӯстум бархӯрд сурат гирифт, беш аз 70 узви Толибон низ захмӣ ва 2 зиреҳпӯши онҳо, ки қаблан аз нерӯҳои амниятии афғон ба даст оварда буданд, аз байн бурда шуданд. 

Амалиёти нерӯҳои афғон дар минтақаи Қайсори вилояти Форёб идома дорад ва ҳудуди 20 деҳа аз Толибон поксозӣ шудааст. Рӯзи шанбе генерал Дӯстум гуфта буд, ки Толибонро 20 километр ба ақиб ронда ва 20 деҳаро аз Толибон поксозӣ кардаанд ва амалиёти хона ба хона идома дорад.

Давоми ду соли ахир бори дувум аст, ки генерал Дӯстум дар ҳамин минтақаи вилояти Форёб мавриди ҳамлаи Толибон қарор мегирад ва ҷони солим ба дар мебарад. Дар моҳи августи соли 2015 низ Абдуррашид Дӯстум аз як сӯиқасд дар вилояти Форёб ҷон ба саломат бурд. Он замон дар натиҷаи задухӯрд 8 ҷангӣ кушта шуда, 13 нафари дигар боздошт шуданд. Худи генерал Дӯстум дар ин ҳамла осебе надида буд.

Абдурашид Дӯстум, ҷангсолори узбактабори афғон мебошад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар Абдулрашид Дустумро, ки ҳоло муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон мебошад, дар ҷиноятҳои ҷангӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои ҷанг бо Толибон аз тарафи Ҷабҳаи Шимол айбдор мекунанд. 

Гуфта мешавад, ки генерали ӯзбактабор ва афроди ӯ дар қатли сокинони осоиштаву афроди боздоштшуда ва тахриби шаҳру рустоҳо даст доранд. Дустум ҳамчунин дар он муттаҳам мешавад, ки моҳи декабри соли 2001, баъди шикасти Толибон дар Қундуз, тақрибан ду ҳазор мусаллаҳи толибро дар дохили контеӣнерҳои оҳанин нигаҳ дошт ва онҳо нафасгир шуда ба ҳалокат расиданд. Вале генерал Дустум ин иттиҳомро рад мекунад. 

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷангсолороне чун генерал Дустум ҳанӯз ҳам дар ҳаёти сиёсӣ мақому мартаба ва дар тасмимгириҳои ҳукумати Афғонистон нақши бориз доранд. Соли 2007 парлумони Афғонистон бо қабули қонуни вижа ҳамаи онҳоеро, ки дар ҷиноёти низомӣ ва нақзи ҳуқуқи башар даст доштанд афв кард ва онҳоро аз дахлнопазирӣ бархурдор намуд. Дӯстум дар интихоботи ахири президентии Афғонистон аз Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ карда, баъд аз пирӯзии ӯ, ба мақоми муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон расид.

СССР.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter