ХАБАРИ ДОҒ

Рамазон Раҳимзода: «Бо мардум муоширати хуб кунед!»

  • Душанбе, Окт 24 2016

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии ҶТ, имрӯз, зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматии сохтори хеш ба тамоми зертобеонаш дастур додаст, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои дар пеш истода, бо мардум муносибату муоширати хуб карда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаи зичро барқарор намоянд.

Чуноне ки ба СССР аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд, ба ғайр аз ин дар рафти ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ,  амниятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа ва омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа, ҳамчунин оиди хуб ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозаю озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои корӣ ва гирду атрофи минтақаҳои маъмурию хизматӣ таъкид карда шуд. Қайд гардид, ки ҷиҳати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии оташнишонӣ чорабиниҳои зиддисӯхторӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳолатҳои сӯхтор дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо ва марказҳои савдо пурзӯр карда шавад.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter