ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Авг 18 2016

Суди вил.Хатлон аз боздошти 3 нафар сокини н.Панҷ хабар дод, ки бо хариду фурӯши маводи мухаддира машғул будаанд.

Панҷшанбе, Авг 18 2016

Суди вил.Хатлон аз боздошти 3 нафар сокини н.Панҷ хабар дод, ки бо хариду фурӯши маводи мухаддира машғул будаанд.

Чоршанбе, Авг 10 2016

Қурбонзода Азизулло Маҳмуд-сардори шуъбаи тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо  коррупсия дар вил.Хатлон ба хабарнигори СССР гуфт, ки Ж.Қурбонов-сардори шуъбаи кадр ва қисми сафороии қисми ҳарбии №2720-и Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо истифода аз мақоми хизматии худ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Н.Бобошоев даромада, аз ў барои тайёр намудани билети ҳарбӣ 900 доллари амрикоӣ гирифтааст. Дар рафти тафтишоти пешакӣ нисбати Қурбонов боз дар 6 ҳолати дигар оид ба сохтакории билетҳои ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Панҷшанбе, Авг 04 2016

Дар арафаи ҷашнгирии 25-солагии Истиқлолияти ҶТ мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ корро аз рӯи реҷаи пурзӯр шурӯъ мекунанд, ки ин ба ҳуҷуми мунтазами "Толибон" дар ҳамсоякишвари Афғонистон ва ҳамчунин фаъол шудани ҷангиёни "Давлати Исломӣ" дар Тоҷикистон вобаста аст. Охири моҳи июл ВКД ҶТ изҳор дошт, ки дар давоми ним сол дар кишвар 4 кӯшиши ҳамлаи террористии "Давлати Исломӣ", пешгирӣ карда шуд. Аз ҷумла, ҷангиён мехостанд биноҳои маъмуриро таҳти назорати худ гирифта тарконанд. Дар баробари ин дар ҳамсоякишвари Афғонистон бошад, руз то руз террористони гурӯҳи тундрави "Толибон" беш аз пеш фаъол мешаванд…

 

Душанбе, Авг 01 2016

21 ва 29-уми июли соли 2016, аз соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаҳои А.Қаҳҳоров ва Мушфиқии шаҳри Душанбе ҷасадҳои 2 зани шахсияташон номаълум, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне баъди куштор бо қисмҳо ҷудогардида, дарёфт карда шуданд.

Нисбати ин ҳодисаҳо гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералӣ таъсис дода шуда, ин ҷиноятҳои мудҳиш ба таври фаврӣ ошкор ва қотилон дастгир карда шуданд.

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ иттиллоъ медиҳад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар шаҳрвандон: марди 25-солаи сокини ноҳияи Восеъ, марди 23-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноятҳои махсусан вазнин муайян карда шуданд.

Ҳамчунин, муайян карда шуд, ки санаи 21-уми июли соли 2016, номбурдаҳо бо зани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон шинос шуда, аввалан барои муносибатҳои шаҳвонӣ ӯро ба манзили истиқоматиашон ба кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои маблағ бераҳмона ба ҳалокат расонидаанд. Сипас ҷасадро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар ҷузвдон ва халтаи полиэтиленӣ гирифта, ба дарё мепартоянд.     

Ҳамин тариқ гумонбаршудагон, такроран даст ба ҷинояти махсусан вазнин зада, санаи 27-уми июли соли 2016, тахминан соатҳои 03:00-дақиқа, бо мақсади муносибатҳои шаҳвонӣ, зани 23-солаи сокини шаҳри Душанберо ба манзили истиқоматиашон, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев бурда, баъди муноқиша барои пул бо воситаи болишт буғӣ карда, ба ҳалокат расонидаанд.

Номбурдагон барои рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамуда ҷасади занро бо корди хоҷагӣ ба қисмҳо ҷудо карда, ба ҷузвдони сиёҳ ва селофани полиэтиленӣ ҷой намуда, ба дарёи Душанбе партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Ҷинояткорон ҳама дастгир шуда, айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо дастрасии моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

СССР

 

 

Ҷумъа, Июл 29 2016

Муҳаммадзода Ҷамолиддин, сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вил.Хатлон ба хабарнигори СССР гуфт, ки дар нимсолаи аввали 2016 381 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Аз ин 330 ададаш аз тарафи кормандони Раёсати агентӣ дар вил.Хатлон, 24 адад аз тарафи кормандони шуъбаи мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидошта, 27 адад аз тарафи кормандони Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидоштаи Агентӣ ошкор карда шудаанд.

Баҳодур Уроқов

СССР  Қурғонтеппа

 

саҳ 68 аз 83

Китобҳо

Flag Counter