ХАБАРИ ДОҒ

3 сокини Панҷ 15-солӣ суд шуд

  • Панҷшанбе, Авг 18 2016

Суди вил.Хатлон аз боздошти 3 нафар сокини н.Панҷ хабар дод, ки бо хариду фурӯши маводи мухаддира машғул будаанд.

Судяи суди вилоят-Амонзода Аскаралӣ дар суҳбат бо СССР тасдиқ намуд, ки Шарипов Маҳмадшариф, Латипов Саидакрам Сайҷаъфарович ва Додов Орзу Раҷабалиевич-сокинони ҷамоати деҳоти «Меҳвар» аз деҳаи Уртабулуқи н.Панҷ бо қочоқи наркотик машғул буданд. Маҳмадшариф бо шаҳрванди Афғонистон-Мирафзал валади Шерафзал аз моҳи ноябри соли 2012 дар сӯҳбати телефонӣ ва маслиҳати пешакӣ бо қочоқи маводи мухаддир машғул будааст. Маҳмадшариф писари амакаш-Саидакрам ва Орзуро барои амали намудани ин мақсадҳои ҷиноияш ҷалб кардааст. Оқибати кирдоре, ки онҳо солҳои тӯлонӣ машғул будаанд, ба қап афтиданд. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вил.Хатлон 3 сокини н.Панҷ дастгир шуданд. Ҳини кофтукови шахсӣ аз онҳо 1 қопчаи скочпечшударо мусодира шуд, ки дар дохилаш маводи мухаддира-навъи нашъаи гашиш дар ҳаҷми 20 кг будааст. Амонзода Аскарали нисбати Маҳмадшариф бо моддаҳои 200 қисми 4, банди «д» КҶ ҶТ делои ҷиноӣ кушода, ӯро ба муҳлати 15 сол, дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр аз озоди маҳрум сохт. Нисбати Орзу бо моддаҳои 200 қисми 4 банди «д», 200 қисми 4, банди «а,в,г» » КҶ ҶТ делои ҷиноӣ кушода, ӯро ба муҳлати 14 сол дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сангин аз озодӣ маҳрум сохт. Нисбати Саидакрам бо моддаи 200, қисми 3, банди «в,г» КҶ ҶТ делои ҷиноӣ кушода, ӯро ба муҳлати 9 сол дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт аз озодӣ маҳрум карданд.


Баҳодур Уроқов,
СССР, Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter