ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 18 2019

 

 Рӯзи 17 .07.2019 дар бинои  прокуратураи вилояти Хатлон нишасти хабарӣ баргузор гардид. Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло зимни нишаст ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят нисбати ҳамин давраи соли гузашта тамоили пастшавӣ дошта, ҷамъан 3158 (3482) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. 

   Дар ин давра 444 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зарари он маблағи 80.000.000 сомониро ташкил медиҳад.

Абдусаломзода Баҳодур, СССР, Хатлон

 

Чоршанбе, Июл 17 2019

   Мирзозода Рустам, раиси суди вилояти Хатлон 1139 ҳукм баррасӣ гашта, аз ин шумораи зикршуда 354 нафар аз озодӣ маҳрум шудаанд. 

   Нисбати 231 нафар бо моддаи 332, яъне дар ҳолати мастӣ рондани воситаи нақлиёт парвандаи маъмурӣ оғоз карда шудааст. 

Баҳодур Уроқов СССР, Хатлон 

 

 

Панҷшанбе, Июл 11 2019

   Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ ва ҳамзамон сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ ба зертобеони худ дастур додааст, ки масъалаи саривақт иваз намудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014, яъне ID-шиносномаҳо ва фароҳам овардани шароит барои сокинони деҳаҳои дурдасти вилоят тадбирҳои мушаххас андешида, бо таъсис ва равон намудани нуқтаҳои сайёр мушкили шиносномаивазкуниро дар маҳалҳо ҳаллу фасл намоянд.

   Тавре ба мухбири СССР дар сӯҳбати ихтисосӣ Рустам Мирзомурод, муовини сардори РВКД дар ВМКБ иброз дошт, аз номи сардори Раёсат ба унвони мудирияти ширкатҳои алоқа ва мобилӣ вобаста ба гузоштани таҷҳизоти махсус ва фароҳам намудани фазои интернетӣ дар дурдасттарин маҳалҳои вилоят алакай нома равон карда шудааст. 

   - Бо ба даст омадани чунин имконият кормандони шӯъбаҳои шиносномадиҳии ШВКД-ҳо тариқи мошинҳои сайёр ба маҳалҳои дур фиристода мешаванд, то дар ҷояш ин мушкили мардумро осон намоянд. Шумо медонед, ки амалӣ ёфтани ин кор бидуни шароити электронӣ ва интернетӣ ғайриимкон аст, зеро системаи шиносномадиҳиву ивазкунӣ муттамарказ мебошад. Воқеан ҳам баъзе деҳаҳо хеле дур аз маркази ноҳия ҷой гирифта, сокинонаш баъзан дар 2-3 моҳ 1 маротиба имкони омадан ба маркази ноҳияро доранд. Бо назардошти ин мо тасмим гирифтем барои осон кардани ин раванд кормандони худро ба деҳаҳои дурдаст фиристем, -афзуд Рустам Мирзомурод.

   Мавсуф инчунин қайд намуд, ки чунин деҳаҳо бештар аз ноҳияҳои Рӯшон-водии Бартанг, Мурғоб-Булункӯлу Қароқул, Роштқалъа, Дарвоз ва Ванҷ воқеъ буда, сокинон низ якчанд маротиба дар бораи ташкили нуқтаҳои сайёри шиносномаивазкунӣ дар маҳалҳои дурдаст ба унвони ВКД ҶТ низ муроҷиат намудаанд.

СССР

 

Ҷумъа, Июл 05 2019

Аз мақомоти ШВКД-и ноҳияи Кӯшониён ба мухбири СССР хабар доданд, марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён дар он хусус муроҷиат кардааст, ки шаби 16 ба 17-уми июни соли 2019, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 6000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 2 нафар марди 25 ва 26-солаи сокинони ин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. Тафтишот муайян намуд, номбурдагон ҳамчунин шаби 28 ба 29-уми июни соли 2019, тахмин соати 01:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ҳамин ноҳия 1 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 5000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида,  таҳқиқ идома дорад.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

 

Ҷумъа, Июл 05 2019

   Чуноне ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ноболиғ Очилдиев Сунатуллои 13 сола, сокини деҳаи Чоряккорони н.Рӯдакӣ дар оташ задани Осияи 6 сола нақши асосӣ дошта, номбурда пеш аз оташ задан бо сагҳояш ҷабрдидаи ноболиғро тарсонидааст. Дар айни замон Очилдиев Сунатулло, ки дорои бемории фалаҷи майнаи сар ва ноқисулақлӣ мебошад, дар муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» бистарӣ карда шуда, зери назорати табибон қарор дорад ва сагҳои ӯ безарар гардонида шуданд. 

    Тавре қаблан хабар дода будем ноболиғ Осия Зулфоноваи 6 сола рӯзи 19.06.2019, тахминан соати 11:30 дақиқа, дар н.Синои ш.Душанбе бо ҷароҳатҳои сӯхтаи бадан дар Беморхонаи шаҳрии №3 бистарӣ гардида буд. Бо дастури Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон профессори шинохтаи тиб дар соҳаи ҷарроҳиҳои тармимӣ, пластикӣ, эстетикӣ ва бемориҳои сӯхта (комбусталогия) ҳамзамон Президенти асотсиатсияи ҷарроҳони тармимӣ ва пластикӣ дар Аврупо Эдгар Бимер ҷиҳати дидан намудан аз вазъи саломатии ноболиғ Зулфонова Осия ба Душанбе ташриф овард. Баъд аз муоина профессор Эдгар Бимер вазъи саломатии ҷабрдидаи ноболиғро мӯътадили вазнини миёна арзёбӣ карда, мавсуф аз рӯи таърихи бемории Зулфонова О. пешакӣ омӯхтааш, бо худ тамоми дорувории зарурии беҳтаринро барои муолиҷаи ҷабрдида овардааст. Лозим ба таъкид аст, ки ин табиб тариқи ройгон ба ноболиғ Зулфонова Осия кӯмак мерасонад.

 

Панҷшанбе, Июн 27 2019

        

        Шомгоҳи 25.06.2019 аз ҷониби кормандони прокуратураи ш.Бохтар Бурҳонова Рӯзигул-раҳбари Ёрии таъҷилии тиббии ш.Бохтар боздошт шуд. Ӯ аз ваколатҳои худ берун баромада, ҳазорҳо сомониро аз буҷаи корхона ба ҷайби худ задааст. Аз прокуратураи шаҳр бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, дар ҳақиқат Бурҳонова бо моддаҳои 316 ва 322-и Кодекси ҷиноятии ҶТ дастгир шудааст. Маврид ба зикр аст, ки Бурҳонова бо ВАО муомилаи хуб надошт ва баҳсҳо низ дар нишастҳои матбуотӣ бо ӯ хело зиёд шуда буданд. Айни ҳол нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. 

Баҳодур Уроқов СССР, вилояти Хатлон 

 

саҳ 10 аз 83

Китобҳо

Flag Counter