Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба заминҳои хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ташриф оварда, ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили аввалини заминҳои корами хоҷагии мазкур дар соли ҷорӣ оғоз бахшиданд.
Пас аз кишти тирамоҳӣ мавсими ҳосилғундории як қатор зироатҳои ғалладонагӣ ва сабзавотҳо, аз қабили гандум, ҷав, картошка, лаблабу, сабзӣ, карам ва ғайра дар ин рӯзҳои офтобӣ оғоз меёбад. Боду ҳавои имсола, ки баҳораш бо боронҳо ва рӯзҳои офтобиаш аз ҳарсола дида фарқ мекард, имконият дод, то аз заминҳои хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ҳосили хуб ба даст оварда шавад.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, роҳбарони аввали ин 2 мақомоти қудратии кишвар шиносоиро нахуст аз заминҳои кишти картошка оғоз намуда, сипас ба сари заминҳои кишти сабзӣ, лаблабу ва карам омада, аз ҳосили имсолаи онҳо шинос гардида, бевосита дар ҷамъовари онҳо иштирок намуданд.
Дар идома, роҳбарони мақомот аз намоиши сабзавоту зиоратҳои ҳосили имсола дидан карда, ба сифату натиҷаи корҳои хоҷагии ёрирасон баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки таҳти сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар самти таъминот бо маҳсулоти ватанӣ дар самти рушди хоҷагиҳои ёрирасон ва истифодаи заминҳо диққати махсус дода мешавад.
Дар заминҳои хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД соли равон дар 7 гектар замин ҷав, дар 10 га гандум, 4 га картошка, аз 1 то 3 гектарӣ пиёзҳои намудҳои гуногун, лаблабу, карам, сабзӣ, помидор, боқлаҷон, ҷуворимакка, каду ва дигар намуди навъҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ кишт карда шудаанд, ки аллакай ба ҳосил даромадаанд. Бо ҷалби мутахассисони соҳа ба навъҳои беҳтарини маҳсулотҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, сарбозону коргарони хоҷагии мазкур бо дили гарм ба меҳнат машғуланд.
Маҳсулотҳои ҷамъовардашудаи тару тоза барои таъминоти ҳайати шахсии қисмҳои низомии Раёсати қушунҳои дохилӣ ва Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ фиристода мешаванд.
СССР
Китобҳо
Latest News
-
-
Сайёфи Мизроб
Сафардидаи Маккавӣ
-
-
-
Сайёфи Мизроб
Муштҳои бедорӣ