ХАБАРИ ДОҒ

Қасди худкушии ду ҷавон дар Дӯстӣ

  • Панҷшанбе, Июн 09 2016

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ду ҷавони дилдода сабру таҳаммулро пеша накарда, даст ба худкушӣ заданд.

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ иттиллоъ медиҳад, 7-уми июни соли 2016, тахминан соати 07:30-дақиқа, ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ ва духтари 16-солаи сокини ҳамин ноҳия, аз сабаби оне, ки волидайнашон барои оила барпо намудани онҳо бо сабаби ҳанӯз ноболиғ будани духтар розӣ нашудаанд, бо мақсади худкушӣ ба болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи мазкур баромада, ҳардуяшон даст ба даст карда, худашонро ба ҷарии баландиаш тахминан 100-метр партофтаанд.

Дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона, бистарӣ гаштааст. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад. 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter