Изҳороти Николай Бордюжа дар арафаи саммити навбатии кишварҳои узви СПАД дар Ереван садо дод, ки имрӯз кори худро сар мекунад.
Хотиррас мешавем, ки соли 2014 бино ба иттилоъи расмӣ дар сафҳои ДИИШ дар Сурия ҳамагӣ 1500 шаҳрванди собиқ СССР меҷангид, ки аз онҳо 850 танашон аз Русия буданд. Бар тибқи иттилоъи ҷадиди генсеки СПАД ҳамакнун, дар тӯли 1,5 соли ахир сафи террористони маҳаллӣ аз кишварҳои СНГ ҷои коҳиш ёфтан, баракс ба миқдори қобили мулоҳиза, яъне 8500 нафар афзудааст. Ин омор собит месозад, ки роҳу усулҳои мубориза бо ифротгароӣ дар кишварҳои собиқ СССР, минҷумла Тоҷикистон, бояд дигар шавад. СССР борҳо изҳор медошт, ки дар ин мубориза ҳукумат бояд аз хидмати муллоҳои тароуфӣ ва мазҳабӣ истифода кунад.
Хотиррас мешавем, ки бино ба иттилоъи Юсуф Раҳмон-додситони кулли ҶТ 1094 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия ва дигар кишварҳои офатрасидаи террор меҷанганд. Аз ин миён 147 нафар пушаймон шуда баргаштаанд, 780 тани дигар дар пайгарди ҷиноӣ қарор доранд ва зумрае мурдаанд.