ХАБАРИ ДОҒ

Маҳфили ёдбуди генералҳои шодравон дар ВКД

  • Душанбе, Апр 04 2016

2 апрели соли ҷорӣ дар вазорати корҳои дохилӣ маҳфили ёдбуди собиқ кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, собиқадорони мақомот, кормандони ғайриштатӣ, дружиначиёни ихтиёрӣ, хешу табору наздикони кормандони фавтида ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Дар маҳфили ёдбуд хотираи неки собиқ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, шодравон Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович, генерал-майорҳо Абдуллоев Файзулло, Раҳимов Изатулло Негматович, Қосимов Суҳроб Абдулҳақович ва Ҷурақулов Маҳмадсаид ёдоварӣ гардид. 

Қабл аз оғози чорабинӣ, иштирокчиёни чорабинӣ ба хотири ҷоннисорӣ ва хизматҳои арзандаи 2000 кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки баҳри сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва мубориза бо ҷинояткорӣ ҳалок гардидаанд, дар пояи муҷассамаи хотира гулчанбар гузоштанд. 

Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии ҶТ зимни сухани хеш қайд намудааст, ки ҳар гоҳе ки сухан аз мавқею мартабаи инсонҳо меравад, бо такя аз фаросату маърифат ва донишу малакаи корбарӣ ба онҳо баҳогузорӣ мекунем. Зеро ҳаёт ва кору фаъолият ин худ баёнгари шарҳи ҳоли ҳар як фард аст, ки бо гузашти солҳо аз онҳо ёдоварӣ карда мешавад. 

- Маҳфиле, ки имрӯз баргузор мегардад, ба хотири ёдбуди фарзандони баруманду некирода, шахсиятҳои бонангу номус ва кормандони қавииродаи мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, ки тӯли солҳои зиёд дар мушкилтарин вазъият ва лаҳзаҳои сарнавиштсоз ба нафъи давлату миллат, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, ба хотири осоишу оромиш ва тинҷиву осудагии сокинони кишварамон хизмати арзанда намудаанд, - гуфтааст Рамазон Раҳимзода.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter