ХАБАРИ ДОҒ

Писар падарро куштанӣ буд

  • Чоршанбе, Июн 29 2016

Сардори тафтишоти ШВКД ш.Қурғонтеппа Намоззода Хуршед бо хабарнигори СССР дар Хатлон гуфт, ки ҷавони 16-сола дар дасти падараш маблағи калонеро мебинад ва аз падараш хостааст, ки ба ӯ мошин бихарад.

Падар хостаи писарро рад намуда гуфтааст, ки «ту мактаби миёнаро хатм кун, баъд сари ин орзуи ту фикр мекунем». Қ.А 16-сола назди бачаи холааш С.Ф 17-сола омада бо ӯ маслиҳат мекунад, ки дар хонаи онҳо маблағи калоне ҳаст ва мехостааст, ки мошин бихарад, вале падараш инкор кардааст. Дар ҳамин ҳол С.Ф маслиҳат додааст, ки бояд ӯ парашро бо доруи марги мӯш, ва ё ҳангоме, ки падараш хоб бошад, бо сими қувваи барқ бикушад. С.Ф ва Қ.А бо маслиҳати пешакӣ шаб омада ба ҳуҷраи падараш, ки хоб буд, медарояд. С.Ф пешниҳод кардааст, падарро бо сими бо худ доштааш каме буғӣ кунаду маблағҳоро гираду гурезад ва мошини тамғаи «ЛАДА-099» бихаранд. Ҳангоми тафтишот ШВКД ш.Қурғонтеппа ин 2 ҷавони ноболиғ ҷинояти содиршударо тасдиқ мекунанд. Суди ш.Қурғонтеппа нисбати Қ.А ҷазои ғайриҳабсӣ ба муҳлати 2 сол дод ва С.Ф-ро бо моддаи 244, қисми 3, банди «а» гунаҳкор ҳисобида, 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Баҳодур Уроқов,

Хабарнигори СССР дар вил.Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter