ХАБАРИ ДОҒ

Даст ба худкушӣ задани 41 ноболиғ дар 5 моҳ

  • Душанбе, Июл 11 2016

Дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 41 нафар ноболиғон даст ба худкушӣ задаанд, ки аз инҳо 14 нафар писар ва 27 нафарашон духтарон мебошанд. Ғарқшавии ноболиғон бошад, дар ин давра 50 ҳолатро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 16 нафар духтарон ва 34 нафар писарон мебошанд. Дар ин бора ба журналистон Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар рӯзи 11 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

 

Бино ба иттиллои вазир, дар 5 моҳи авали соли 2016 аз тарафи ноболиғон 358 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 11 ҳолат кам мебошад.

- Худкушии ҷавонону наврасон омилҳои зиёд дорад, ки муҳимтарини он омилҳои иқтисодӣ, ичтимоӣ ва равонӣ мебошанд. Ин ҳолатҳо хеле нигаронкунанда буда айни замон мо ба клиникаҳои психологӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони равоншинос дар мактабҳо ниёз дорем, ки метавонанд барои паст кардани шиддати мушкилоти равонии ҷавонону наврасон мусоидат намоянд. Ҳоло вазорати маориф ва илми мамлакат барои дар мактабҳо ба кор қабул намудани равоншиносҳо тадбирҳои амиқ ҷуста истодааст ва дар ояндаи наздик чунин мутахассисон дар тамоми мактабҳои кишвар  пайдо хоҳанд шуд, таъкид дошт Нуриддин Саид.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter