Вазорати корҳои дохилии ҶТ лоиҳаи нави Кодекси одоби корманди политсияро таҳия кардааст. Тибқи муқаррароти нав корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бо сару риши тарошида ва намуди хуби зоҳирӣ ба кор ҳозир шавад. Дар баробари ин истифодаи ҳамагуна маснуоти заргарӣ (ғайр аз ангуштарини ақду никоҳ) ва холкӯб дар бадан манъ карда шудааст. Ҳамчунин тибқи ин Кодекс кормандони ҳифзи ҳуқуқ бояд аз истифодаи лексикони ҷиноятӣ зимни сӯҳбат бо ҳамкорон ва шаҳрвандон қатъиян худдорӣ намоянд. Ҳамчунин дар Кодекси одоби корманди политсия омадааст, ки "корманд уҳдадор аст, ки ба сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ бошад ва онро дар ҳаёт татбиқ намояд, бо амали худ обрӯ ва эътибори ҳокимияти давлатиро баланд бардорад, манфиатҳои давлатӣ ва сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳифз намояд". Дар баробари ин дар Кодекси одоб гуфта мешавад, ки дар сурати ба сифати сардори шӯъба интихоб кор кардани хешу ақрабояш корманд бояд ба истеъфо равад. Ба кор ҷалб намудани хеши наздик ё ёру бародар қатъиян манъ карда мешавад. "Роҳбари мақомот набояд хешовандони наздики худро ба мансаби зери тобеи худ таъин кунад ва агар ба мансаб таъин карда шуда бошад, бояд ӯро аз мансаб озод намояд ё ба дигар мансаб гузаронад",-омадааст дар Кодекси одоб.