Чуноне ки ба мухбири СССР аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарори марбутаи шаҳрдор вобаста ба ин тамринҳои сафороӣ рӯзи 11.07.2016 ба тасвиб расида тибқи он ба МДК «Душанбенақлиётхадамотра-сон» (Искандаров Ғ.Қ.), ШБДА-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Мирзомуродов Р.Т.) ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Камолов Ф.У.) супориш дода шудааст, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро, ки аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Шотемур то буриши кӯчаи Бухоро, майдони «Дӯстӣ») мегузарад, ба воситаҳои кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйироти зарурӣ ворид намоянд.
СССР