ХАБАРИ ДОҒ

Абдуфаттоҳи Ғоиб: Шароти таъмири таҷҳизоти Rapiskan-ро надорем!

  • Сешанбе, Июл 19 2016

Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ мегӯяд, ки бо сабаби бӯҳрони молӣ хадамоти мазкур имкони таъмири бархе аз таҷҳизоти муҳими техникиро, ки барои кори назорати гумрукӣ дар марзҳои байнидавлатӣ лозим ва муҳим аст, дар даст надорад. Ӯ ин нуқтаро зимни мулоқоти хеш бо хабарнигорон, ки имрӯз сурат гирифт, арзёбӣ намуд.

 

- Таҷҳизоти муосир ва хеле гаронарзиши техники Rapiskan, ки системаи рентгенӣ асту дар гузаргоҳҳои гумрукии Панҷи поён ва Турсунзода чанд сол пеш насб шуда буд, имрӯз аз кор баромадааст. Хадамот айни замон шароити аз нав харидорӣ намудани ин таҳҷзотро надорад, чун нархаш хеле қиммат аст. Мо алакай ба якчанд созмонҳои дипломатӣ ва молиявӣ, аз ҷумла сафораи ИМА муроҷиат намудем, ки дар таъмири ин таҷҳизот бароямон кӯмак кунанд, зеро ба онҳо эҳтиёҷи зиёд дорем, - таъкид намуд Абдуфаттоҳи Ғоиб дар сӯҳбат.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter