ХАБАРИ ДОҒ

Нобудкунии 5000 кило ананасу манго

  • Ҷумъа, Авг 19 2016

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи омӯзиш ва баррасии ҳуҷҷатҳои тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи гумрукии ба мақомоти гумрук пешниҳодшуда маълум карда шуд, ки тибқи декларатсияи транзитии дохилӣ, тавассути воситаи нақлиёти боркаш рақами қайди давлатиаш 8944 МR3158 аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба унвони ҶДММ «Ҳоҷӣ Аслон» ба маблағи 19 995 доллари ИМА ба миқдори 21 732 кг мевагӣ (себ, нок, аплесин, ананас, анор, манго) ба қаламрави гумрукӣ ворид карда шудааст. Дар асоси дастури роҳбарияти Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ва муроҷиати ҶДММ «Ҳоҷӣ Аслон» азназаргузаронии гумрукии моли ба қаламрави гумрукӣ воридшуда ва қабули низоми гумрукии «Нобудкунӣ» нисбати моли воридшуда анҷом дода шуд.

Чуноне ки сомонаи расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми интиқоли мол - ананас ба миқдори 4 200 кг ва манго ба миқдори 825 кг бинобар сабаби вайрон шуданашон, дар асоси хулосаи аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, истифодаи минбаъдаи мевагии мазкур номумкин буда, сертификати мутобиқат дода нашудааст. 

Ҳайати гуруҳи корӣ бо иштироки кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, намояндагони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, сармутахассиси назорати савдо ва намояндаи ҶДММ «Ҳоҷӣ Аслон», ананас ва мангоро бо вазни 5 025кг дар партовгоҳи ноҳияи Рудакӣ несту нобуд ва безарар гардониданд. Моли мазкур таҳти низоми гумрукии «Нобудкунӣ» барасмияти гумрукӣ дароварда шуд.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter