ХАБАРИ ДОҒ

Ифтитоҳи Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон

  • Ҷумъа, Сен 02 2016

Дар назди Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ бо дастгирии Сафорати ИМА Маркази муқовимат бо хариду фурӯши одамон бунёд ёфта рӯзи 1.09.2016 маросими кушодашавии он баргузор гардид.

 

Бино ба иттиллои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар ифтитоҳи он вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард ширкат варзиданд.

Савдои одамон - яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии фаромиллӣ буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни чорабинӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба хонум Элизабет Миллард барои ҳамкориҳои  пурсамар изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ин ҳамкориҳо минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт. Хонум Элизабет Миллард зимни баромади хеш низ зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ яке аз субъектони асосии муқовимат ба савдои одамон ва ҳамоҳангсози таъқиби ҷиноии ин қабил ҷиноятҳо ба ҳисоб меравад. Таъсис додани Маркази муқовимат ба савдои одамон имкон медиҳад, ки дигар субъектони муқовимат ба савдои одамон  дар ҳамоҳангсозӣ ва якҷоягӣ ба ин хатари ҷаҳонӣ муборизаи беамон баранд.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter