6-уми декабри соли 2016, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Турсунзода, бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи гаравгонгирӣ ба даст овардани маблағи калони пулӣ даст ба ҷиноят зада Азимҷон Узоқов, писарбачаи 17-солаи хонанандаи Мактаб-литсеи президентии шаҳри зикргардида ҳамчун шиноси падараш муаррифӣ карда, ӯро ба доми худ дароварда, гаравгон гирифта буданд.
Чуноне ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳамон рӯз, тахминан соати 07:30 дақиқа, яке аз аъзоёни ин гурӯҳ дар кӯчаи И. Сомонии шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб худро ба Азимҷон дӯсти падараш ном бурда номи ӯ ва падарашро зикр мекунад ва пешниҳод менамояд, ки ӯро то мактаб бо мошини тамғаи «ДЭУ ТИКО» бурда расонад. Ноболиғ ба суханҳои ӯ бовар карда, ба автомашина савор мешавад. Баъдан, ин аъзои гурӯҳ ноболиғро ба тарафи яке аз биноҳои истиқоматии маҳаллаи шаҳри Турсунзода, ки дар он ҷо аъзои дигари ин гурӯҳ, яъне ҳамсари ӯ интизор буд, оварда, дар якҷоягӣ ӯро маҷбуран ба дохили бино медароранд. Сипас, онҳо дасту пойи писарбачаро бо коғази ширешшуда (скоч) баста, ҳаммаслаконашонро ба назди худ даъват менамоянд. Баъдан ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба падари ноболиғ тавассути телефони мобилӣ занг зада, аз ӯ барои озод кардани писараш маблағи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб менамоянд.
Пас аз ба ВКД ворид гардидани ахбороти дахлдор, оиди ҳодисаи гаравгонгирӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, амалиёти махсус амалӣ карда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ худи ҳамон рӯз, соати 23:30 дақиқа, 3 нафар шахсони гумонбари ҷинояти гаравгонгирӣ дастгир гардида, 1 нафари онҳо ҳангоми озод намудан ва ҷой доштани таҳдид ба ҷону саломатии ноболиғ безарар гардонида шуд.
Ноболиғи ба гаравгон гирифташуда, бе бардоштани зарари ҷисмонӣ озод карда шуда, ба волидайнаш баргардонида шуд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи шаҳрвандон ва кормандони мақомот касе осеб надидааст. Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар шахсан роҳбарии амалиёти мазкурро роҳбарӣ намудааст.
СССР