Ҳамасола санаи 9-уми декабр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия таҷлил мешавад. Кормандони Шӯъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон, дар соли равон 51 адад ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намудаанд. Тибқи иттилои ин ниҳод, зарари ошкоршуда 4370880 сомониро ташкил намуда, он пурра барқарор карда шудааст. Кормандони сохтори мазкур 4 ҳолати вайронкунии Қонуни танзим, 8 ҷинояти вобаста ба заминро ошкор намуда, баҳри барқарор кардани бақияи андоз, ҳам фаъолияти назаррас кардаанд ва 5300000 сомонӣ бақияи андозро ба буҷа барқарор кардаанд. Мувофиқи маълумотҳои котиботи Шӯъбаи мазкур дар водии Зарафшон, 248 аризаю муроҷиати шаҳрвандон ворид гардида, аз рӯи онҳои қарорҳои дахлдор қабул шудааст.
Хуршед Фозилов