1 нафар ҷавондухтари 19-сола, сокини вилояти Суғд ба хотири расидан ба висоли дӯстдоштааш ба фолбин муроҷиат карда, аввалан даст ба ҷиноят мезанад ва баъдан худро аз ҳаёт маҳрум месозад.
Чуноне ВКД ҶТ хабар медиҳад, шаҳрванд Каримова Маърифат Норбоевна, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Гули-Сурхи шаҳри Истаравшан ҳамон нафари мушкилкушоест, ки бо ваъдаи бо роҳи сеҳру ҷоду ҳал намудани муаммо, яъне мусоидат дар бавуҷудории муҳаббат ва оқибат хонадоршавии духтар бо ҷавони дӯстдошта, давоми солҳои 2014-2016 бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон, маҷмуан зиёда аз 206 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ ва тилловориро аз ҷавондухтар талаб карда гирифтааст.
Ин миқдор маблағи пулиро духтари фиребхӯрда, ки ба қобилияти фолбин бовар дошт аз хонаи бародар ва дигар пайвандонаш қисм-қисм дуздида ба фолбин додааст. Ҳангоме, ки ҳолатҳои дуздӣ ва воқеъияти кор ошкор мешавад, духтар худро шахси шармандашуда ҳисобида ба ҳалокат мерасонад. То рӯзи марг маълумоти мазкур ба тафтишот дастрас ва баъзе аз далелҳои шайъӣ, аз ҷумла тилловорӣ аз хонаи фолбин дарёфт гардиданд.
Фолбин Маърифат Каримова маблағҳои пулии бо роҳи фиреб ба даст овардаро барои хароҷоти шахсиаш, аз ҷумла сохтмони хонаи истиқоматӣ истифода бурдааст. Ба иттилои тафтишот, хонаи навсохтмони боҳашамат ҳақиқати талхест, ки кирдори ҷиноятии ин занро тасдиқ мекунад.
Барои тақаллубкорӣ аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати гумонбаршаванда Каримова М.Н., парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Мақомоти тафтишбаранда аз шаҳрвандоне, ки аз амалу рафтори мардумфиребонаи фолбин Маърифат Каримова, сокини деҳаи Зарнисори шаҳри Истаравшан зарар дидаанд, даъват ба амал меорад, ки ба Прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров ё ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.
СССР