ХАБАРИ ДОҒ

Қаҳрамони падаркуш 22 сол суд шуд

  • Чоршанбе, Дек 28 2016

Суди вил.Хатлон Нуралиев Қаҳрамон, сокини ҷамоати деҳоти Х.Холматов, аз деҳаи Ё.Каримови н.Шаҳритусро, ки барои 1 қитъаи замин падараандарашро куштааст, 22 сол суд кард. Мирзоева Бозоргул, модари Қаҳрамон баъди фавти шавҳараш-Нуралиев Қарахон, соли 1997 ба Каримов Турназар оиладор шуда, дар ҳавлии меросии падараш зиндагӣ мекарданд. Дар давраи ҳамзистии якҷоя аз ин шавҳараш соҳиби 4 фарзанд шуд. Қаҳрамон баъди вафоти падараш 0,51 га замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия буданаш аз модараш хоҳиш кардааст, ки аз 0,51 га замин, 0,21 га-ро ба номи  ӯ ва 0,30 га-и боқимондаро ба номи худаш ба қайд гирад. Давоми 3 соли охир баҳси замин тундтар шуда ҳалли худро наёфт… Бо ҳамин сабабҳо байни ӯву падарандараш борҳо ҷанҷол шудааст. Турназар-падарандари Қаҳрамон барои аз худ кардани 51 сотих замини наздиҳавлигӣ ӯро дашномҳои қабеҳ мекардааст, ки бо оила ва фарзандонаш аз хона баромада равад. 9.10.2016, соатҳои 20:30 дақиқа боз дар рафти муноқишаи навбатӣ падарандарро бо корд 4 маротиба дар узвҳои баданаш зада, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасонад. Суди вил.Хатлон нисбати Қаҳрамон Нуралиев бо моддаи 104, қисми 2, банди «е» КҶ ҶТ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 22 сол дар низомаш сахтро таъйин кард.

Баҳодур Уроқов

СССР вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter