ХАБАРИ ДОҒ

1 соли терроризму экстремизм дар Хатлон

  • Панҷшанбе, Янв 05 2017

Дар як соли ахир даҳҳо сокини вилояти Хатлон дар ҷануби кишвар бо ҷурми гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, таблиғи “Давлати исломӣ” зиндонӣ шудаанд. Дар сӯҳбати СССР муовини суди вилояти Хатлон Бойзода Темир тасдиқ кард, ки дар соли 2016 84 парванда нисбати 104 нафар «Салафия» ва 41 парванда бо моддаи 401, қисми 1 иштирок намудан дар ДИИШ… муттаҳам дониста шуда, барои муҳлатҳои гуногун суд шудаанд. Саидҷаъфар Сафарзода, коршинос дар вил.Хатлон мегӯяд, мавъиза ё амри маъруфҳое, ки бештар тариқи интернет оммавӣ шудаасту хусусияти инсонбадбинӣ дорад, баъзеашон ҳадафмандона дар интернет роҳ ёфта, ба инсонҳо ҳуҷуми равонӣ мекунад ва як роҳи гаравиш ба ҳизбу ҳаракати мамнӯъ ва ифротист: “Мавъизаҳое, ки дар онҳо гуфта мешавад, ки вақте инсон мемурад касе нест, дар қиёмат ба ӯ кумак кунад, ҳатто фарзанд кумак карда наметавонад, вақте инсон ба хотири падару модар ва фарзанд зиндагӣ мекунад инро шунида яъсу ноумедӣ ӯро фаро гирифта, бо навмедӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайвандад, ақидаҳое, ки мардумро ба инсондӯстӣ ва эҳтироми якдигар даъват кунад, чандон мушоҳида намешавад. Тибқи иттилои расмӣ, шумораи ҷавонони ифродгаро зиёд аст, вале инсон яку якбора ифродӣ намешавад. 1 нафар агар намоз хонад ҳеҷ бадӣ надорад, вале як намозхон як бенамозро мегӯяд, ки бояд қатл шавад, ин нишонаи ифротгароист. Як нафар суруд гӯш намекунад ҳаққи ӯст, вале дигаронро даъват мекунад, ки суруд гӯш накунад, ин нишонаи ифротгароист.”

Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла, дар Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя солҳои ахир мояи ҷиддии нигаронии мақомот боқӣ мемонад. Ба иттилои расмӣ, беш аз 1100 шаҳрванди кишвар ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун "Давлати исломӣ" пайвастаанд ва танҳо аз Сурияву Ироқ дар бораи ҳалокати ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон гузоришҳо расидаанд. Дар ин миён шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло шомили “Давлати исломӣ” ҳастанд, шумораи занон ва кӯдакони ноболиғе, ки бо худ бурдаанд ва он ҷо таваллуд шудаанд, кам нестанд.

Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter