ХАБАРИ ДОҒ

Вазорати маориф: Авбошон ва қотилон маҳалчӣ буданд!

  • Панҷшанбе, Янв 05 2017

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муноқишаи санаи 2-юми январи соли 2017 (тахминан соати 21:40 дақиқа) рухдода иттилоъ медиҳад, ки 2 гурӯҳ ҷавонписарони номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ ва маҳалгароӣ бо маслиҳати пешакӣ, дар кӯчаи Клагенфурти шаҳри Душанбе дар ҳайати то 20 нафар бо мақсади ба ҳамдигар расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо худашон предметҳои ба сифати яроқ истифодашаванда, аз қабили «корд», «оҳан» ва «битта» гирифта, дар суроғаи шаҳри Душанбе, шаҳраки 104-ум якдигарро зада, муддати 15-20 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.

 

Дар натиҷаи муноқиша шаҳрвандон Хоҷаев Иброҳим Ибодуллоевич, соли таваллудаш 07 апрели соли 1998, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ободкорон, хонаи 94 ҷароҳати ҷисмонӣ дар шакли захми халандаю бурандаи гузарандаи шикам бо зарарёбии ҷигар, талхадон, ғадуди зери меъда бо хунравии даруна ва Шарипов Сомон Шарофиддинович, соли таваллудаш 09 майи соли 1999, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, бинои 26, ҳуҷраи 76 ҷароҳати ҷисмонӣ дар шакли захми буридани зери зонуи рост бардошта ба беморхонаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфта, дар натиҷа аз ҷароҳатҳои гирифтаашон дар беморхона ба ҳалокат расидаанд 

Ҳангоми гузаронидани як қатор чорабиниҳо оперативӣ -ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин ду гурӯҳ ҷавонписарон, аз як тараф аз шаҳраки 102-юм ва тарафи дигар аз шаҳраки 104-ум шаҳри Душанбе мебошанд. Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки сабаби асосии сар задании муноқиша ин маҳалгароӣ байни шаҳракҳои 102 ва 104-ум мебошад. Айни замон 14 нафар иштикрочиёни муноқиша муайян карда шуда, 11 нафари онҳо дастгир карда шудаанд ва 8 нафарашон айни замон дар маҳкамаи муваққатии нигаҳдории Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор доранд.

Аз авбошон танҳо 1 нафар дар мактаб мехонд

Бояд махсус қайд кард, ки тибқи моддаи 16,  банди 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» «Бо қарори  мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани оинноами муассисаи таълимӣ хонандае, ки ба сини 16 расидааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад». Аз ин рӯ, аз иштирокчиёни муноқиша  4 нафар тибқи моддаи 16, банди 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бинобар сабаби «мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани Оинномаи муассисаи таълимӣ, иштирок накардан дар дарсҳо» аз 30.11.2016 аз сафи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 хориҷ карда шудаанд ва ба муассисаи таълимӣ ягон алоқамандие надоранд. 

Дар ҳақиқат, аз иштирокчиён танҳо як нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 буда, дигар иштирокдорон хонандаи мактаб набуда, ба мактаб иртибот надоранд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter