ХАБАРИ ДОҒ

148 нафар душанбегӣ ифротӣ шуданд

  • Чоршанбе, Фев 15 2017

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 2007 то соли 2016 дар кишвар 8373 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 2963 ҷиноят ё 35,4 фоизи он дар шаҳри Душанбе содир гардидааст. Мувофиқи маълумоти расмӣ ҳамасола қариб сеяки ҷиноятҳои бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд дар шаҳри Душанбе содир гардида, 38 фоизи нашъаҷаллобонсокинони шаҳри Душанбе мебошанд. Зиёда аз 58 фоизи моддаҳои фалаҷкунандаи асаб, ки дар мамлакат ошкор карда шудааст, низ ба шаҳри Душанбе рост меояд.

 - Шумораи шахсони нашъаманд низ нисбат ба вилоятҳои Хатлону Суғд мутаносибан 4,5 ва 5,4 баробар зиёд аст. Ҳамаи ин ҳолатҳо водор менамоянд, ки мубориза дар ин самт ба таври қатъӣ тақвият бахшида шавад.

Ман андешаҳои худро дар бораи хатари экстремизму терроризм борҳо изҳор доштаам. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт дар шаҳри Душанбе ҳанӯз камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Солҳои 2012-2017-ум 148 нафар сокинони шаҳри Душанбе ба сафи ташкилотҳои ифротӣ шомил гардидаанд, ки 11 нафари онҳоро донишҷуён ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии шахсони зикршуда 16 нафари онҳо соли 2016 ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ пайвастаанд.

Баъзе маҳалла ва шаҳракҳои шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаи мазкур осебпазир маҳсуб меёбанд. То ҳол 110 нафар сокинони шаҳри Душанбе дар хориҷи мамлакат ғайриқонунӣ ба таҳсили динӣ машғуланд, иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон дар мубоқоти хеш бо фаъолони пойтахт.

Ӯ таъкид намуд, ки барои баргардонидани онҳо фаъолияти роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллаву шаҳракҳо, инчунин, падару модарон бояд пурзӯр карда шавад.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter