ХАБАРИ ДОҒ

Марги 3 корманди IRS дар зери тарма

  • Душанбе, Фев 20 2017

Рӯзи 18.02.2017 дар километри 72-юми роӽи Душанбе- Чаноқ техникаи пуриқтидор зери тарма монда, 7 нафар кормандони Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бедарак шуданд. Ин ҳодиса дар нимаю дуюми рӯз сурат гирифта аз ин 7 нафари бедаракшуда, 3 нафарашон аз зери тарма наҷот дода шуда ҷасади 3 нафари дигар дарёфт гардид. Чуноне ки маркази матбуоти ширкати номбурда хабар медиҳад, ин кормандон то лаҳзаи охири умрашон барои тоза карпдани роҳи мошингарди кӯҳӣ заҳмат кашиданд.

Бояд зикр кард, ки дар 3 рӯзи охир дар минтақаҳои гуногуни кишвар, хусусан роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағзиши тармаҳои калон ба қайд гирифта шуда дар натиҷа беш аз 80 тарма фаромадааст. Бо ин сабаб наздики 75 воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур банд гардидаанд. Тармаҳои шадид дар километри 48 ва 72-юми роҳ фаромада аз ҷониби сохторҳои масъул мардуми дар муҳосира монда ба ҷойҳои бехавф гузаронида шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ таъкид медорад, ки хавфи хатари тармафароӣ боз 5-8 рӯзи дигар боқӣ мемонад ва мардуми мамалакат дар ин рӯзҳо бояд аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter