Додгоҳи вилояти Хатлон мегуяд, ки Ҳайдаров Саймумин, ки 12.11.1994, дар ноҳияи собиқ «Ҷиликул» ҳозира Дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, дар деҳаи Яккатоли ҷамоати деҳоти Деҳқонободи вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ҳангоми дар синфи 4-ум таҳсил намуданаш ӯ аз муллои деҳаашон Қорӣ Маҳмаднабӣ таълимоти динӣ гирифтааст.Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна соли 2012 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ба шаҳри Нижний Новгород рафта, дар он ҷо муддати 3 сол дар ширкати Туркии «Рус Винил» ба сифати мудири амбор фаъолият намудааст. Баъд аз он, ба шаҳри Чайковскии вилояти Перми Федератсияи Руссия рафта ба ширкати Туркии «Марашстрой» ҳамкорӣ мекунад. Ҳангоми дар Федератсия Русия фаъолият карданаш, дар он ҷо бо Каримов Одилҷон, ки сокини шаҳри Қурғонтеппа ва Нуралиев Меҳроб, ки соли таваллудаш 1995 сокини н. Ҷ. Балхӣ, ҷамоати деҳоти Тугаланг, деҳаи Ёш-Ленин шиносоӣ пайдо намуда, онҳо дар якҷоягӣ дар хобгоҳи ширкат дар 1 ҳуҷра истиқомат намудаанд. Онҳо барои ҷиҳод ва ба кишвари Сурия рафтан даъват намуда, доим амри маъруф мекарданд, наворҳои аз ҷониби аъзоёни ташкилоти террористии «ДИИШ» гирифташударо ба дар омма нишон дода таъкид медоштанд, ки онҳо бояд барои ҷиҳод кардан ба Сурия раванд.
Инчунин, Каримов Одилҷон ба онҳо тарзи дар шабакаи интернетии радиои Zello пайваст шудан ва суханронӣ намуданро нишон медоданд. Дар радиои мазкур канале бо номи «Роҳнамо ба суи давлати Исломӣ» амал мекардааст ва дар он барандае бо номи мустаор «Муҳаммад Муовия» ҷавононро барои ҷиҳод ташвиқ ва тарғиб мекунад. Каримов Одилҷон бо номи мустаор «Абӯ Муҳаммад» вориди радиои Zello гашта, бо «Муҳаммад Муовия» шиносои пайдо намудааст. «Муҳаммад Муовия» ӯро дар суроғаи шахсиаш қабул намуда, бо ӯ дар алоҳидагӣ гап зада барои ҷиҳод намудан ва ба Сурия рафтан таблиғ кардааст. Онҳо розигии худашро баён намуда, аз «Муҳаммад Муовия» вақти рафтан ба Ҷумҳурии Араби Сурия рафтанро пурсидааст. «Муҳаммад Муовия» гуфтааст, ки «айни ҳол роҳҳо ба самти Сурия бастааст ва ҳангоми кушода шудан ҳаракат менамоянд, ӯ танхо омода бошад. Бо даъвати Руслан шахси номаълум барои сафар намудан ба Ҷумҳурии Араби Сурия чиптаи ҳавопаймои самти Масква-Анталияи Ҷумҳурии Туркияро харидорӣ намуда, санаи 19.10.2016 аз рӯи маслиҳати пешакӣ бояд дар фурудгоҳи шаҳри Анталия мешудааст, аммо санаи 18-уми октябри соли 2016 дар фурудгоҳи «Внуково»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия кормандони Хадамоти Федерали Бехатари (ФСБ)-и Федератсияи Русия онҳоро дастгир намуда, ба Ҷумҳурии Точикистон интиқол доданд.
Судя суди вилояти Хатлон Пирмуҳаммадзода Сайфуддин ба Каримов Одилҷон 10 сол, Ҳайдаров Саймумин 9 сол ва ба Нуралиев Меҳроб 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бино ба омори расмӣ, дар солҳои охир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шуда ва бархе ҳам бо аҳли хонаводаи худ ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Инҳо аксаран ҷавонанд ва аз тариқи Русия ба Сурия рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҷанбаи иҷтимоӣ ва иқтисодии пайвастани шаҳрвандони кишвар ба ин гурӯҳи тундравро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин шаҳрвандон мавриди мағзшӯии таблиғгарони “Давлати исломӣ” қарор гирифтаанд.
Бино ба иттилои расмӣ, зиёда аз 215 сокини вилояти Хатлон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста ва хабари марги дастикам 20 нафари онҳо ба наздиконашон расидааст. Мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон соли гузашта гуфта буданд, ки миёни зодагони ин вилоят дар майдонҳои ҷанги Сурия занону тақрибан 20 кӯдаки ноболиғ низ ҳастанд.»
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон