ХАБАРИ ДОҒ

Собиқ раиси бозори «Ином» маротибаи 3-юм ба додгоҳ кашида шуд

  • Ҷумъа, Апр 21 2017


Раиси пешинаи бозори «Ином» Бурҳон Абдуллоев аз рӯи 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ - 32, қисми 3 (сӯиқасд ба дороии шаҳрвандон) ва 255, қисми 2, яъне сӯиқасд ба вайрон кардани амволи шаҳрвандон ба шеваи хатарнок айбдор карда зиндонӣ гашта буд, баъди раҳоӣ аз зиндон дубора ба додгоҳ кашида шуд.

Ин дафъа ҳам Раёсати корҳои дохилии Хатлон алайҳи Абдуллоев бо иттиҳоми моддаи 247 қисми 4 яъне “қаллобӣ” парванда боз кардаааст.
Дар рафти мурофиаи суди вилояти Хатлон, Давлатов Қурбон, сокини ноҳияи Қубодиён гуфт, ки бо маслиҳати 1 шинос хостам аз бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритус мағоза бихарам, дар аввал нархи мағозае, ки дар ҳолати хуб набуд Абдуллоев Бурҳон аз ман 50 ҳазор сомонӣ талаб намуд, хуллас дар 45 ҳазор сомонӣ маслиҳат шуд.
- Ҳангоми таъмир намудан, ман аз онҳо ҳуҷатҳои мағозаро талаб намудам, дар ҳамин ҳол онҳо 1 шартномае ба ман доданд, ки на мӯҳр дошту на имзои раиси бозор, ҳангоми талаб намудани мӯҳру имзои ин ҳуҷат намудам, шиносе, ки ба маслиҳат дод буд, гуфт, ки шумо ташвиш накашед, таъмиратро идома додан гир, ҳамаш хуб мешавад. Мани содда бовар кардаму муддате нагузашта ин бозорро 2 тақсим намуданду маро раиси нав ба наздаш даъват карда хост, ки ҳуҷатҳои мағозаи маро бубинад, мутаассуф ин ҳуҷате, ки ман доштам тасдиқкунанда набуду маро аз мағоза пеш намуданд ва гуфтанд, ки рав аз раиси пешина талаб кун маблағро ё мағозаи дигарро, гуфт ҷабрдида Давлатов Қурбон.
Бурҳон Абдуллоев дар мурофиаи судӣ афзуд, ки ӯ худро пурра гунаҳкор меҳисобад. Вай гуфт, ки дар вақти тафтишот ба Давлатов Қурбон пешниҳод кардааст, ки маблағи гирифтарро худи ҳозир бар мегардонам, вале ӯ нахост, мақсади нагирифтани 45 ҳазоро намедонад. Дар рафти мурофиа судӣ маблағи гирифта шударо бо тариқи нотариалӣ баргордонида шуд.
Намояндаи Давлатов Қурбон, Қосим Қосимов афзуд, ки ҳоло мо ҳисоб мекунем, ки чи қадар зарари молию маънавӣ ба Давлатов Қурбон расидааст, 2 бора ариза ба суд пешниҳод мекуне, ки Абдуллоев Бурҳон пардохт намояд.



Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter