Шаби 25 ба 26-уми декабри соли 2016, тахминан соати 01:30-дақиқа шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Шаҳринав ва Сабои ноҳияи Шаҳринав дар маҷмӯъ 198-метр ноқилҳои хатҳои телефониро, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда ба ҶСК “Тоҷиктелеком”-и ноҳияи Шаҳринав 5 ҳазору 148 сомониро ташкил додааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур 2 нафар марди 48 ва 52-солаи сокинони ноҳияи Шаҳринав, ки ҳар ду ҳам қаблан бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, дастгир карда шуданд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
СССР