ХАБАРИ ДОҒ

«Фанатикҳо» аз Панҷакент ба ДИИШ мераванд

  • Душанбе, Апр 24 2017


Ахиран хабари кушта шудани 1 сокини ҷамоати деҳоти Саразми ш.Панҷакент, Билол Низомиддинович Туранов, ки дар ДИИШ меҷангидааст, аз тарафи мақомоти амният тасдиқ шуд. Ба сафи давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) пайвастани сокинони кишвар на танҳо мақомоти қудратӣ, балки сокинони ҷумҳуриро низ хеле нигарон кардааст. Гарчанде масъулини идеологии Панҷакент ва сохторҳои қудратӣ барои пешгирии ифротгароӣ бо мардум мулоқоту вохӯриҳо доир мекунанд, вале мутаассифона аз шаҳру деҳоти Панҷакент ҳам мисли иддае аз дигар манотиқи Тоҷикистон ҷавонони раҳгумзада дар ин саф будаанд. Ин соҳибназарон мегӯянд, тибқи иттилои расмӣ, алоқамандони ташкилотҳои террористӣ, иштирокчиёни муқовиматҳои мусаллаҳона дар давлатҳои Сурияву Ироқ, аз ҳисоби зодагони ш.Панҷакент 15 танро ташкил медодаанд. Гуфта мешавад, бештари ин афрод зодагони ҷамоати деҳоти Саразм будаанд. Дар ин бобат зимни сӯҳбат 1 тан аз кормандони мақомоти амният иттилоъ дод, ки аз ин миён 11 нафарашон аз ҷамоати деҳоти Саразм, 1 нафар аз ҷамоати деҳоти Вору, 1 нафар аз ш.Панҷакент ва 1 нафар аз ҷамоати деҳоти Л.Шералӣ будаанд. Синну соли онҳо аз 21 то 50 солро ташкил медодааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳамчунин 15 каси дигар алоқамандони ташкилотҳои террористӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент боздошт шудаанд, ки мехостанд ғояҳои гурӯҳҳои ифротиро талқин ва дигар шаҳрвандонро ба ин роҳ баранд. Коршиноси маҳаллӣ Бобо Солеҳзода мегӯяд, гаравиши сокинон ба равияву гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ин танҳо содагӣ, набуди дониши казоии динӣ ва ба ҳамин васила ба ҷоҳилӣ ва «фанатизм» гирифтор шудани эшон шудааст.

Марг, ё сарват?
Ҷаноби Солеҳзода афзуд: «Бубинед, вақте ҷавонон асли динро намедонанд ва ба муҳите меафтанд ё ба мағзшӯии намояндаи кадом гурӯҳҳои манфиатҷӯ гирифтор мешаванд, фикр мекунанд, асли дин ҳамон аст». Ба андешаи ҳамсӯҳбати мо гаравиши сокинон ба ДИИШ ҷанбаи иқтисодӣ надорад. Зеро кӣ гуфта метавонад, ки кадом нафаре ба ДИИШ рафтаву соҳиби сарват шуда бошад? Ҳол он ки зинда омадани онҳо зери суол аст. Дигар ин ки рафтани полковник Гулмурод Ҳалимов ҳам метавонад барои маблағ ба ҷанг рафтани сокинонро рад созад: «Ӯ ва хонаводааш аз имтиёзҳои давлат бархурдор буданд, дар мансабҳои баланд кору фаъолият доштанд, ба боварии давлат сазовор буданд, гурусна набуданд. Дигар чӣ метавонист онҳоро ба ин роҳ барад ба ҷуз «фанатизм?» Ё мисоли дигар, гаравиши донишҷӯёни давлати Русия ба ин равияҳо чӣ сабаб дошта метавонад?» – мегӯяд Солеҳзода.
1 тан аз кормандони мақомоти амният, ба шарти наовардани ному насабаш гуфт, ки ҷиҳати баргардонидани иштирокчиёни муқовиматҳои мусаллаҳона дар давлатҳои Араб ва пешгирии гаравиши сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент дар ҳамкорӣ бо ҳукумати шаҳр чорабиниҳои умумипрофилактикӣ, яъне ҷилавгирӣ аз корҳои зиёновару бад роҳандозӣ карда истодаем. Бояд сабабу омилҳои пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро институтҳои ҷомеъаи шарвандӣ, равоншиносону коршиносон пурра ва ҳамаҷониба таҳлил намуда омӯзанд, ки чӣ боис ба мағзшӯии сокинони кишвар шудааст?

Суд: 1 нафарро ҳукм кардем
Дар ҳоле ки мақомоти амният баҳри пешгирии ифротгароӣ бо журналистон ҳамкории зич менамоянд, мақомоти суди ш.Панҷакент намехоҳад дар ин самт ба журналистон кӯмак расонад. Масалан, барои омода намудани матлаби мазкур ба унвонии раиси суди ш.Панҷакент ҷаноби З.Т.Аминзода 5 савол фиристодем, лек ҷавобро танҳо барои 1 савол бо имзои муовини раиси суди ш.Панҷакент-Таҳмина Пӯлодӣ гирифтем. Хонум Пӯлодӣ, дар бораи чанд нафар маҳкум шудани сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент чунин гуфт, ки дар давоми с.2016 ва думоҳаи аввали с.2017 аз ҷониби суди ш.Панҷакент танҳо 1 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 189, яъне барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, қисми 2 КҶ ҶТ нисбати 1 шахс, ки сокини ш.Панҷакент, миллаташ тоҷик, ҷинсаш мард ва синну солаш аз 40 сола болост, баррасӣ шудааст. Хулоса, агарчӣ корҳои профилактикӣ ба гуфтаи кормандони ҳукумат ва дигар созмонҳои марбута оид ба пешгирии ин раванд бурда мешавад, вале гаравидан ба ин равияҳо тибқи омори расмӣ ва гуфтаҳои коршиносон рӯз аз рӯз дар ҳоли коҳиш будааст.


Хуршед Фозилов,
СССР, Панҷакент
(Гузориш дар ҳамдастӣ бо IWPR дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст).

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter