Нафароне, ки қасди таркишро дар Қӯрғонтеппа доштаанд, пайдо ва дастгир шуданд. Гуфта мешавад, ки дар ин таркиш 2 писар холаи Шарифҷони Зокир аз ш. Ваҳдат низ боздошт шудаанд онҳо ин таркишро бо дастури махсусе, ки ваъдаи пул дошт, мехостаанд анҷом диҳанд.
1 манбаи мӯътамади СССР ин ҳодисаро, ки чандест сару садоҳои мардумро барафрохтааст, дигаргуна шарҳ дода гуфт, ки омилони ин ҳодиса падару писар, аз д. Зарбдори ш.Қӯрғонтеппа будаанд.Масъулин мегӯянд ин писар Шарифҷони Зокир, 21 сол доштааст ва падари ӯ Зокир Файзиев будаанд, ки чанд рӯзест дар боздошт қарор доштааст. Аз хонаводаи падару писар ва хола писари Шарифҷони Зокир аз ш. Ваҳдат низ боздошт шудаанд ва дастикам 7 дастгоҳи таркандаи дигар мусодира шудааст.
Манбаъ афзуд, ки пеш аз супориш гирифтани 2 таркиш дар ш. Қӯрғонтеппа, онҳо сари 1 нафарро тан ҷудо намуда байъат эълон намуданд.Баъд аз байъат эълон намудан, онҳо дар масҷиди деҳаи худ Зарбдор парчами “ДИИШ”-ро низ овехтаанд ва бо тариқи шабакаи интернетӣ супориши таркишро гирифта, дар ҳудуди ш. Қӯрғонтеппа 2 таркиш ба анҷом расониданд.
Таркише, ки дар ш. Қӯрғонтеппа ҷони 1 нафарро рабурда буд, аз сӯи мақомоти расмии вилояти Хатлон дигаргуна шарҳ дода шуд. Ҳасанбой 67-сола, посбони литсей тамоюли техникии ш. Қӯрғонтеппа на худро таркондааст, на қасди сӯиқаст ба ҷони худ доштааст.Ин ҳодиса аввал дар миёни бисёриҳо ангезаи сӯиқаст ё худтаркониро боло карда буд, чун ин мард дар бағалаш зери ҷома 1 шишаи арақ дошта, ки дар камераҳои назоратӣ зоҳир шудааст ва дар бағал чизеро нигоҳ доштанаш низ сабт шудааст. Ва ҳатто овозаҳое буд, ки ин мард мехостааст ҷойи дигареро битарконад, вале ба мақсад нарасида лавозимоти тарканда дар дасташ таркидааст ва дар наздикии бинои прокуратураи гарнизони ҳарбии ш. Қӯрғонтеппа ҷон додааст.Ҳангоми таҳқиқ дастикам 7 дастгоҳи таркандаи дигар мусодира шудааст.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон