1 гурӯҳ хонандагони синфҳои 9-и мактаби №3-и н.Фирдавсӣ барои латукӯби дастаҷамъонаи хонандаи синфи 9-и ҳамин мактаб Л.С.аз ҷониби мақомоти милитсия боздошт шудаанд. Қазияи мазкур рӯзи 12.06.2017 дар толори мактаби номбурда сурат гирифтааст. Дар ин бора ба мухбири мо 1 манбаи мӯътамад аз ҳамин мактаб хабар дод. Л.С. пас аз супоридани имтиҳон аз синфхона баромада мебинад, ки чанд нафар аз ҳамсинфон яке аз ҳамсинфонро латукӯб доранд. Ӯ ба халос кардани ҳамсинфон мешитобад, аммо бо ин ғазаби дигаронро меорад. Тамоми наврасон, ки теъдодашон аз 18 нафар бештар будааст, дарҳол ба Л.С. дармеафтанд. Айни замон Л.С. дар беморхонаи «Истиқлол» бо бинии шикаста ва чанд захми дигар бистарӣ буда, ҳоло вазъи саломатиаш хуб аст.
СССР