ХАБАРИ ДОҒ

Дар Восеъ ҳаводорони ДИИШ-ро безарар карданд

  • Панҷшанбе, Июл 06 2017


Шоми сешанбеи 4 июл дар ҳудуди н.Восеъи вилояти Хатлон 1 гурӯҳи ҳаводорони «Давлати Исломӣ», ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд, безарар гардонида шуданд.
Тибқи иттилои расида, ин гурӯҳ иборат аз 7-нафар буда, ҳамагӣ аз пайвандони полковники юғӣ, Гулмурод Ҳалимов будаанд. Гуфта мешавад, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ тайи як амалиёти фаврӣ, ҳамин гурӯҳи ҳаводорони ДИ-ро аз ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти назорат гирифта, аз пайяшон то ҳудуди ноҳияи Восеъ, дар масофаи наздик ба 200 км поида омадаанд. Дар ин ноҳия, пеш аз фаромадани торикӣ, дар мавзеи Хоҷа Муъмин, ки наздик ба марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, гурӯҳи мазкурро ба иҳота гирифта, даъват ба таслим гаштан кардаанд. Вале эшон ин даъватро қабул накарда, ба муқовимат даромадаанд. Дар натиҷаи задухӯрди кӯтоҳ 4 тан аз гурӯҳи фирорӣ, ки тибқи хабари ғайрирасмӣ 3 нафарашон бародарони хунии Гулмурод Ҳалимов будаанд, ба ҳалокат расида, 3 каси дигар, ки низ аз табори ҳамин фармондеҳи ДИ унвон мешаванд, асир гаштаанд. Субҳи рӯзи дигар асиронро ба шаҳри Душанбе интиқол доданд. Гумон меравад, ин гурӯҳи наздикони Гулмурод Ҳалимов, ки дар сар ҳавои ДИИШ-ро доштаанд, бо нияти гузаштан ба марзи Афғонистон ва аз он ҷо ба Ироқу пайвастан бо Ҳалимов, нақшаи пешакӣ анҷом додаанд. Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз нақшаи эшон пешгирӣ намуда, дар мавзеи наздисарҳадӣ онҳоро безарар гардониданд.


Аслиддин Достиев,
СССР, Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter