Судяи суди ноҳияи Панҷ Қурбонов Тоҷиддин бо гумони гирифтани пора аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир карда шудааст. Баъд аз боздошт шудани судяи суди ноҳияи Паннҷ шаби 21 ба 22 июн иттифоқан ҳамон рӯз хонааш дар маркази ноҳияи низ Панҷ низ ба коми оташ рафт.
1 манбаъи мӯътамади СССР дар сӯҳбат гуфт, ки доманаи сӯхтор васеъ набуда то омадани хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия он аллакай аз ҷониби ҳамсояҳо хомӯш карда шудааст. Шоҳидон ва ҳамсоягоне, ки бо Қурбонов Тоҷиддин рафту омад доштан мегӯянд, ки пеш аз ба коми оташ рафтан, ҷиҳози пурқиммат, аз қабили телевизор, яхдон ва дигар ашёҳои гаронбаҳо пайдо карда нашудааст. Аз ин рӯ, дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия нисбат ба ин ҳодиса парванда боз шудааст ва мавриди таҳқиқ қарор дорад. Гуфта мешавад, ки оташ аз болои кат диван-е, ки дар 1 кунҷи хона буд, сар задааст ва метавон гуфт, ки сӯхтор сохта аст, зеро ягон нишонаи расиши кутоҳи барқӣ дар ноқилҳо ба мушоҳида намерасад.
Манобеи СССР афзуд, ки 4 нафар сокинони ноҳияи мазкур ва 1 нафар сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар кофтуков қарор дорад, аз боздошти Қурбонов Тоҷиддин огаҳ буданд. Онҳо дар набудани касе ба хона даромада чизҳои қиматбаҳоро ғорат карда, оташ задаанд.
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн бо судури 1 фармон Тоҷиддин Мирзо Қурбониёнро "бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон озод кард.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон