ХАБАРИ ДОҒ

Дар Восеъ ҳаводорони ДИИШ-ро безарар карданд

  • Сешанбе, Июл 11 2017

Шоми сешанбеи 4 июл дар ҳудуди н.Восеи вилояти Хатлон як гурӯҳи ҳаводорони «Давлати Исломӣ» (ДИ), ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд, безарар гардонида шуданд.

Тибқи иттилои расида, ин гурӯҳ иборат аз 7-нафар буда, ҳамагӣ аз пайвандони полковники юғӣ, Гулмурод Ҳалимов будаанд. Гуфта мешавад, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ тайи як амалиёти фаврӣ, ҳамин гурӯҳи ҳаводорони ДИ-ро аз ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти назорат гирифта, аз пайяшон то ҳудуди ноҳияи Восеъ, дар масофаи наздик ба 200-км поида омадаанд. Дар ин ноҳия, пеш аз фаромадани торикӣ, дар мавзеи Хоҷа-Муъмин, ки наздик ба сарҳади ҷумҳурии исломии Афғонистон мебошад, гурӯҳи мазкурро ба иҳота гирифта, даъват ба таслим гаштан кардаанд. Вале, эшон ин даъватро қабул накарда, ба муқовимат рафтаанд. Дар натиҷаи задухӯрди кӯтоҳ 4-тан аз гурӯҳи фирорӣ, ки тибқи хабари ғайрирасмӣ 3-нафарашон бародарони хунии Гулмурод Ҳалимов будаанд, ба ҳалокат расида, 3-нафари дигар, ки низ аз табори ҳамин фармондеҳи ДИ унвон мешаванд, асир гаштаанд. Субхи рӯзи дигар асиронро ба шаҳри Душанбе интиқол доданд. Гумон меравад, ин гурӯҳи наздикони Гулмурод Ҳалимов, ки дар сар ҳавои ДИ-ро доштаанд, бо нияти гузаштан ба марзи Афғонистон ва аз он ҷо ба Ироқу пайвастан бо Ҳалимов, нақшаи пешакӣ анҷом додаанд. Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз нақшаи эшон пешгирӣ намуда, дар мавзеи наздисарҳадӣ онҳоро безарар гардониданд. Бояд гуфт, ҳолати безараргардонӣ ва ё худ дастгиршавии фирориён наздик ба деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугарак будааст. Ҳангоми сӯҳбат бо сокинони ин русто, тақрибан касе дар ин маврид иттилое додан наметавонист. Ба гуфтаи онҳо, зӯҳри рӯзи сешанбеи 4-уми июл як нақлиёти тамғаи «Старекс» аз ҳудуди русто ҷониби кӯҳи намаки Хоҷа Муъмин гузашта, рафт буд. Баъди чанде аз он ҷониб садои тирпарронӣ баромад. Баъдтар фаҳмидаанд, ки як гурӯҳи фирориёнро, ки мансуб ба табори Гулмурод Ҳалимов унвон кардаанд, аз ҷониби кормандони милиса куштаву дастгир намудаанд.
Дар шуъбачаи корҳои дохилии (ШКД) Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ноҳияи Восеъ ва Гурӯҳи фаврии Кумитаи Амнияти ҶТ дар минтақаи Кӯлоб низ аз қазияи  ба амаломада иттилое ба даст наомад. Танҳо дар ШКД-и ноҳияи Восеъ гуфтанд, ки ин амалиёт аз ҷониби кормандони гурӯҳи зудамали Вазорати корҳои дохилӣ пешбинӣ гаштаву кормандони ин гурӯҳ ҳаводорони ДИ-ро тайи чанд муддат таҳти контрол гирифта, ба ҳангоми фирорашон аз ҷумҳурӣ, аз шаҳри Душанбе дунболагирӣ намуда, ахиран дар мавзеи Хоҷа Муъмини ноҳияи Восеъ безарар гардонидаанд. Тибқи хабар, фирориён  яроқи тирпарронӣ надоштаанд, аммо чанд адад корд бо худ доштаанд. Ҳангоми дастгиршавӣ ва даъвати кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои таслимшавӣ, муқобилият нишон дода, 1 афсари баландрутбаи Вазорати корҳои дохилиро бо корд зада, ярадор намудаанд. Дар ин муқобилият, тавре дар боло ишора шуд, 4-тан аз гурӯҳи фирорӣ кушта шуда, 3-нафари диагр асир афтоданд. Аммо саволи матраҳ ин аст, ки ҳамин гурӯҳи тоҷикии ДИ-ро, ки ҳамагӣ аз минтақаи Душанбе будаанд, то марзи давлатӣ дар минтақаи Кӯлоб кӣ роҳбалад шудааст? Кӣ эшонро дар он тарафи марз интизор буд ва бо кадом роҳу восита то ба Ироқ метавонистанд расид? Ва аз ҳама муҳимтараш ин аст, ки ба чӣ хотир ва барои  кӣ ин гурӯҳи одамони мулкӣ, ки касеву чизе ба амнияташон хатар ворид намекарду ҳамагӣ бояд дар пайи зиндагонии орому осоиштаи худу наздиконашон мебуданд, якбора қасди муҷоҳид гаштану «шаҳид» шудан кардаанд? Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари  муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, дар ин Раёсат ҳам аз амалиёти боздошти ин гурӯҳ бехабаранд. Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода гуфт, амалиёти мазкур дар Вазорати корҳои дохилӣ тарҳрезӣ гашта, тафтишоти он низ дар Прокуратураи шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Амалиёти боздошти гурӯҳи фирориёни тоҷик ба Афғонистон таҳти нақшаи гурӯҳи зудамали кормандони Вазорати корҳои дохилӣ тарҳрезӣ ва анҷом ёфта, дар он кормандони РКД-и вилояти Хатлон, РКД-и минтақаи Кӯлоб, ШКД-и ноҳияи Восеъ ва кормандони Кумитаи Амнияти миллӣ даст надоштаанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter