Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ш. Душанбе, ҷойи кораш амалиётгари нозири маркази хизматрасонии филиали ҶСК “Бонки Эсхата”, ҳамчун гумонбар дар исрофкорӣ ё азонихудкунӣ дастгир карда шуд.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти ВКД ҶТ, муайян карда шуд, ки номбурда, дар давраи фаъолияти кориаш санаи 16-уми сентябри соли 2017, аз хазинаи филиали бонк 27000-сомониро гирифта азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
СССР