Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 корманди баландпояи шӯъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД ҶТ-ро боздошт намудааст.
Ба иттилои расида, ин 2 нафар-сардори шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД ҶТ, подполковники милитсия Алоҳиддин Камолов ва ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мазкур Ҷовид Ваҳобов буда, онҳо ҳамчун гумонбар барои гирифтани пора дастгир шудаанд.
Аз тарафи муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия аз рӯи парвандаи ҷиноятии нисбат ба А. Нуриддинов, Э. Носиров ва дигарон бо моддаҳои 105 қисми 2 бандҳои «ж,з», моддаи 30 қисми 3 моддаи 105 қисми 2 бандҳои «а,ж,з» Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои тафтишотӣ гузаронида шуда, зарурати ба сифати шоҳид пурсидани шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳрвандон «А» ва «Б» ба миён омад ва ба кормандони шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД ҶТ барои ба тафтишот ҳозир намудани шахсони мазкур супориш дода шуд.
Сардори шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и ВКД ҶТ, подполковники милитсия Алоҳиддин Камолов бо маслиҳати пешакӣ бо ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мазкур Ҷовид Ваҳобов бо истифодаи мақоми хизматӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр 29 августи соли 2017 аз шаҳрванд «А» бо роҳи фиреб ва бо баҳонаи он ки ӯро ба парвандаи ҷиноятии мазкур на ба сифати гумонбаршуда, балки ба сифати шоҳид ҷалб менамоянд, 15 000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамуда дар утоқи кории Ҷовид Ваҳобов 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 10 000 сомониро талаб намудаанд.
Ҳамчунин Алоҳиддин Камолов ба ҳамин монанд аз шаҳрванд «Б» маблағи 15 000 сомонӣ талаб намудааст. Ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Ҷовид Ваҳобов бо маслиҳати пешакии А. Камолов 30 августи соли 2017 аз шаҳрванд «Б» дар назди Беморхонаи ёрии таъҷилӣ дар дохили мошини шахсиаш, тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш ЕВ 54-80 01 РТ 5000 сомониро гирифта, боз овардани боқимонда 10 000 сомониро талаб намудааст.
Шаҳрвандон «А» ва «Б» аз кирдорҳои ҷиноятпешаи А. Камолов ва Ҷ. Ваҳобов огоҳ гашта, бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардаанд, ки нисбат ба номбурдагон тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ худи ҳамон рӯз, яъне 30 августи соли 2017 дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе майори милитсия Ҷовид Ваҳобов бо маслиҳати пешакӣ бо Алоҳиддин Камолов зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани 10 000 сомонӣ дар дохили мошини шахсиаш дастгир гардида, маблағи 10 000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбат ба Ҷ. Ваҳобов ва А. Камолов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд.
Боздошти 2 ваколатдори калони «Интерпол»-и Тоҷик
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар