Бино ба иттиллои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати кишвар, аз ҷониби кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури соҳибмулк ва шахсони холис маҳсулоти дар боло зикр шуда аз муоинаи гумрукӣ гузаронида шуд. Муайян карда шуд, ки дар анбори мазкур 13 ҳазору 600 халта орди истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон мавҷуд аст. Ҳангоми талаб намудани ҳуҷҷатҳои барасмиятдарории гумрукии ордҳои дар анбори ӯ мавҷудбуда, соҳибкор Қодиров гуфт, ки барои пардохти маблағи барасмиятдарории гумрукии ордҳои мазкур ба мӯҳлати 15 рӯз аз Гумруки Нов иҷозат гирифтааст.
Зимни сӯҳбат ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкор З. Қодиров ордҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар анбори ӯ мавҷуд буданд, пурра барасмияти гумрукӣ дароварда шуда ба буҷаи давлат ба маблағи 399 ҳазору 150 сомонӣ пардохт гашт. Қобил ба зикр аст, ки дар натиҷа соҳибкор бе ҷазо ва ҷарима боҷи гумрукиро пардохт намуда ва ҳоло ба фаъолияти соҳибкориаш пурра идома дода истодааст.
СССР