«Долун» таҳти идораи ронанда Холов Муминҷон Баладҷонович соли таваллудаш 1978 истиқоматкунадаи шаҳри Душанбе қарор доштааст. Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ муайян гардидааст, ки дар дохили бордони воситаи нақлиёт ба миқдори 300 халта бо вазни умумии 15000 килограмм маҳсулоти нурии минералии навъи «Аммофос» мавҷуд мебошад.
Чуноне ки маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад,
маълум гардид, ки моли мазкур бидуни барасмиятдарории гумрукӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шудааст.
Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук моли мазкур ба расмияти гумрукӣ дароварда шуда, ба хазинаи давлат 13 ҳазору 248 сомониро пардохт гардид.
СССР