ХАБАРИ ДОҒ

Ҷилавгирии 700 халта «Суперфосфат»

  • Душанбе, Март 28 2016

Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе аз 700 халта «Суперфосфат» дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ҷилавгирӣ кардааст.

 

Бино ба иттиллои маркази матбуотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, санаи 25- уми марти соли 2015, тахминан соатҳои 22:00 дақиқа, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқвайронкуниҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, воситаи нақлиёти тамғаи «ДУЛАН», рақами қайди давлатиаш TJ 26-38 АВ 03 барои гузаронидани санҷиши қонунияти воридоти мол нигоҳ дошта шуд. Ҳангоми гузаронидани назорат маълум гардид, ки дар дохили контейнер ва ядаки (прицеп) нақлиёт нурии минералии намуди «Суперфосфат» ба миқдори 700 халта бо вазни 50 кг-и ҷамъ 35000 кг мавҷуд мебошад.

Нисбати ин ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 597 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter