Тибқи ҳамин қонун ҷашни зодрӯз бояд дар доираи наздикон бо даъвати на беш аз 15 нафар гузаронида шавад, вале даъватшудаҳо дар зодрӯзи ин хонандаи мактаб беш аз 20 нафар гуфта мешаванд.
Гулмурод Чориев, падари Мафтуна Чориева дар суҳбат бо СССР гуфт, ки онҳо қонунҳоро риоя мекунанд, вале аз ноогоҳияшон аз зодрӯзи духтарашон бо таҷаммуъи 5 тан зиёд таҷлил кардаанд ва ҳоло борҳо ба мақомот даъват шуда баёнот навиштаанд.
Ин зодрӯз аввали моҳи март буд. Ҳамсояҳо ва меҳмонон дар телефон онро навор гирфтаанд. Ҳамин наворҳоро мақомот дида, моро даъват кардаанд-мегӯяд падари Мафтуна Чориева