ХАБАРИ ДОҒ

Мусодираи беш аз 5000 сомонии қалбакӣ

  • Ҷумъа, Апр 08 2016

ВКД ҶТ аз боздошти 1 сокини 23-солаи ш.Душанбе бо ҷурми таҳияи пулҳои қалбакӣ хабар дод. Боздошти ин сокини пойтахт 6 апрел дар пайи 1 амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сурат гирифтааст.

ВКД мегӯяд, “муайян карда шуд, ки номбурда, дар хонаи муваққатан истиқоматиаш ба тайёр намудан ва ба муомилоти ғайриқонунӣ баровардани асъори миллӣ, купюраҳои қалбакии арзишашон 50 сомонӣ машғул шудааст”. Ҳангоми азназаргузаронии манзили муваққатии дастгиршуда 103 адад купюраҳои қалбакӣ ва як таҷҳизоти компютерӣ дарёфт ва мусодира шудааст: “Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад”. Нашри хабари ВКД дар ҳолест, ки ҳанӯз 2 моҳ пеш паҳнкунандагони газета ҳини хариди нашрияҳои даврӣ, дар бинои ГЖК Шарқи Озод ба дасти Гулчеҳра Фозилова-фурӯшандаи газетаи СССР се 50-сомонаро додаанд, ки апаи Гулчеҳра 1 рӯз пас аз қалбакӣ будани ин купюраҳо дарак ёфт. Хотиррасон мекунем, ки газетаи СССР перомуни 100-сомониҳои фалшивӣ навишта, хонандагони СССРро аз пайдоиш ва гардиши фалшивкаҳо ҳушдор дода буд… Аниқтараш, дар соли гузашта 1 нафар аз узви Ихвон ал СССР дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби 1 кӯдаки оҳанфурӯш фиреби пулӣ хӯрд. Кӯдак ба ӯ 100-сомонаи фалшивиро дода, гуфт, ки «ака, ин пулро бигиру майдааш кун». Ва аз «ака»-аш ба ивази он 10-то 10-сомонӣ гирифту бараккаташро хост.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter