Натиҷаи чунин чораандешиҳо буд, ки аз тарафи кормандони Раёсат дар семоҳаи аввали соли 2016 93 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора як ҳолати ҷиноят дар самти фаъолияти гумрукист. Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии оғоз шуда 67 адад нисбати шахсони воқеӣ ва 25 адад нисбати шахсони ҳуқуқӣ аст. Ба вайронкунандагони қоидаҳои гумрукӣ маблағи 102068 сомонӣ ҷарима гузошта ва ситонида шудааст. Парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ асосан нисбати интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамоку, молҳои ниёзи мардум, ашёҳои арзиши таърихиву фарҳангӣ дошта, сангҳои табии ороишӣ, оҳанпора… мебошанд. Ҳамзамон дар давраи ҳисоботӣ дар асоси ҳалномаи Суд ба маблағи 5600 сомонӣ молҳо ба нафъи давлат мусодира карда шудаанд. Делоҳои ҷиноятии бақайдгирифташуда оид ба кӯшиши содироти оҳанпораҳо ба Давлати Исломии Афғонистон буда, нисбати соҳибкори инфиродӣ, сокини н.Синои ш.Душанбе, О.Б. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.